Ноябр 26, 2022 11:42 Asia/Dushanbe
  • Созмони Миллал : Ведиоҳои қатли сарбозони рус воқеӣ аст

Комиссионери олии ҳуқуқи башари Созмони Миллал эълом кард Ведиоҳои қатли сарбозони рус тавассути низомиёни украинӣ ба эҳтимоли бисёр зиёд воқеӣ аст .

Пештар Димитрий Псков-сухангӯи кохи раёсати Ҷумҳурии Русия бар лузӯми анҷоми таҳқиқоти байналмилалӣ дар ин замина ва низ муҷозоти омилони ин ҷиноят таъкид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИРНА, Фолькер Терк-комиссионери олии ҳуқуқи башари Созмони Миллал рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард натоиҷи баррасии ин ведиюҳо таъйид мекунад, ки бояд таҳқиқоти мустақилу дақиқи ҳуқуқӣ анҷом шавад то бидонем ки воқеан чи иттифоқе афтодааст .
Терк таъкид кард : Бояд ҳамаи иттиҳомоте ки дарбора эъдомҳои худсарона вуҷуд дорад ба таври комил ва ба шеваи мустақил, бетарафона, шаффоф, фаврӣ ва муассир баррасӣ шаванд .
Ахирани видеоҳое мунташир шуд ки гуфта мешуд эъдоми сарбозҳои асири Русия ба дасти неруҳои украиниро нишон медиҳад .
Рӯзномаи амрикоии Нию-Йорк таймс сиҳҳати тасовири эъдоми ёздаҳ асири ҷангии Русияро таъйид кард .
Дар ҳамин ҳол як сарбози собиқи артиши Украина ахиран фош кард низомиёни ин кишвар, ки 10 асири ҷангии русро эъдом карданд мутаъаллиқ ба типи мустақар дар шаҳри Ливов ҳастанд, ки ҳамкории наздике бо НАТО дорад .

Бештар бихонед :

 

 

Барчасп