Дархости СММ барои поён додан ба хушунат алайҳи занон
(last modified Sat, 26 Nov 2022 13:45:11 GMT )
Ноябр 26, 2022 18:45 Asia/Dushanbe
  • Дархости СММ барои поён додан ба хушунат алайҳи занон

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии адами хушунат алайҳи занон, ки ҳар сол дар 25 ноябр баргузор мешавад, талош барои поён додан ба хушунат алайҳи занону духтаронро хостор шуд.

25 ноябр ба номи Рӯзи ҷаҳонии адами хушунат алайҳи занон номгузорӣ шудааст. Шиори имсоли ин рӯз "Муттаҳид шавед, фаъолият барои поён додан ба хушунат алайҳи занон ва духтарон"аст.

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме бо ишора ба инки хушунат алайҳи занону духтарон, нақзи ҳуқуқи башар ва роиҷтарин мавриди хушунат дар ҷаҳон аст, гуфт: «Акнӯн замони анҷоми иқдоми мутаҳаввилкунандае аст, ки ба хушунат алайҳи занону духтарон поён дода шавад».

Дабири кулли Созмони милал хотирнишон кард, ҳар 11 дақиқа як зан ё духтар тавассути як дӯсти наздик ё яке аз аъзои хонавода кушта мешавад. Гутерриш афзуд, занону духтарон дар саросари ҷаҳон, ҳамчунин бо хушунати онлайни густарда аз суханони нафратпароканӣ ва озори ҷинсӣ гирифта то сӯиистифода аз тасвиру оростагии худ тавассути дигарон рӯбарӯ ҳастанд.

Вай бар лузӯми ҳамкории давлатҳо ва мардум барои мубориза бо хушунат алайҳи занон таъкид кард ва гуфт: Лозим аст дар ҷавомеъи мухталиф буҷети созмонҳо ва ҷумбишҳои ҳуқуқи занон то соли 2026 то 50 дарсад афзоиш ёбад.