Таҳлил: Душман ба дунболи БарҶоми 2 ва БарҶоми 3
(last modified Sun, 27 Nov 2022 10:52:36 GMT )
Ноябр 27, 2022 15:52 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Душман ба дунболи БарҶоми 2 ва БарҶоми 3
    Таҳлил: Душман ба дунболи БарҶоми 2 ва БарҶоми 3

Пас аз тавофуқи Эрон ва гуруҳи 5+1 дар июни соли 2015 дар заминаи масоили ҳастаӣ Эрон ва имзои барномаи ҷомеъи иқдоми муштараки мавсум ба БарҶом, кишварҳои ғарби ба саркардагии Амрико пас аз чандин даври музокироти Вена барои лағви таҳримҳо ҳамчунон бар лузуми гунҷонидани дигар масоил ба вижа тавонмандии мушакии Эрон ва сиёсатҳои минтақӣ Эрон дар музокирот таҳти унвони БарҶоми2 ва БарҶоми3 исрор меваразанд.

Ин руйкарди ғарбиҳо ҳамвора бо вокуниши шадиди Эрон муваҷаҳ шуд ва мақомоти рашади эронӣ борҳо бар мухолифат бо ҳаргуна музокира дар бораи мавзуъҳои ғайри ҳасаӣ ба хусус зародхонаи мушакӣ ва низ сиёсатҳо ва иқдомоти минтақаӣ Эрон ба вижа ҳимоят аз меҳвари муқовимат ва гурҳҳои ҷиҳоди дар Лубнон, Яман, Фаластин ва Сурия таъкид карданд.

Бо ин ҳол ғарбиҳо ба ҳар баҳона ва ҳар мавқеъияти боз ҳам ба матраҳ кардани ин хостаҳоӣ ғайри қонунӣ ва номуртабити худ мепардозанд бо вуҷуди ин ки Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии Амрико қабл аз интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико дар ноябри соли 2020 ва пас аз интихоб шудан борҳо ваъдаи бозгашт ба БарҶомро дод, аммо шавоҳид ва руйкард ва мавзеъгириҳои Вашенгтон нишон медиҳад, ки Амрико асосан қасд надорад ба БарҶоми 2015 бозгардад.

Гарчи хуруҷи Амрико аз БарҶом дар соли 2018 аз сӯи Доналд Трамп эълом шуд, аммо у намояндаи ҳайати ҳокимаи Амрико буд ва ин иқдоми вай бозтоби аз хостаи он буд.

Воқеъият ин аст, ки байни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон як масъалаи муштарак аст он ки БарҶоми 2015 манофеъи Амрикоро таъмин намекунад лизо Амиро дар пайи БарҶоми2 БарҶоми3 аст ва ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо мехоҳанд илова бар масъалаи ҳастаӣ дар бораи масоили дигар ҳам бо Эрон вориди гуфтугу шаванд.

Албата манзур аз гуфтугу аз манзари Амрико на таъомули байни ду тарафи  баробар барои раду бадал кардани имтиёзот дар чорчуби бози бо ҳосили ҷамъи як балки гуфтуге аст, ки дар он Вашенгтон хостаҳои худро ба Теҳрон дикта карда ва бедуни додани имтиёзи Эрон ҳам он хостаҳоро бипазирад.

Мусаламан чунин руйкарди ғайримунсифона ва яктарафаӣ мавриди қабули Эрон нест ва ҳамин масъала яке аз омилҳои муҳим ба натиҷа нарасидани музокираи Вена дар заминаи лағви таҳримҳо аст. Албата дар бораи равиши дастёби ва тактики расидан ба БарҶоми2 БарҶоми3 байни ҷумҳурихоҳон ва демократҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Ҷумҳурихоҳон мегуянд бояд БарҶоми1 ва 2 ва 3 якҷо ҳал шавад яъне як бор бо Эрон музокира кунем ва дар бораи ҳамаи масоил ба ҷаъмбанди расид, аммо демократҳо мегуянд бояд гом ба гом пеш рафт, аммо ҳамаи онҳо дар ин бора иттифоқи назар доранд, ки бояд фаротар аз мавзуъи ҳастаӣ бо Эрон ба музокира пардохт ва ҳатто дар бораи масоили ҳастаӣ низ набояд ба ҳамон БарҶоми 2015 бозгашт балки бояд шартҳо ва маҳдудиятҳои ҷадидеро зидди барномаи ҳастаӣ сулҳомези Эрон эъмол намуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар мавзеъгириҳо ва баёноти худ бо ишора ба қасди Амрико ва муттаҳидони он барои таҳмили БарҶомҳои дигар ба Эрон дар ин замина ҳушдор доданд.

Раҳбари муаззами инқилоби силомӣ рузи шанбе 26 ноябр дар дидори ҷамъи аз басиҷиён тавзеҳоти дар бораи ҳадафи душман аз матраҳ кардани тарҳи БарҶоми 2 ва 3 ироа карданд ва бо баёни ин ки музокира мушкили мо бо Амрикоро ҳал намекунд, фармуданд: Як иддае иддаои фаҳми сиёсӣ мекунанд мегуянд барои ин ки иғтишошот тамом шавад бояд мушкилоти худро бо Амрико ҳал кунед... савол ин аст читавр мушкил бо Амрико ҳал хоҳад шуд? Оё бо музокира ва гирифтани таъаҳуд мушкил ҳал хоҳад шуд?

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ мафрмуданд, ки душман ба дунболи БарҶоми 2 ва 3 буд БарҶоми 2 яъне Эрон бояд аз минтақа хориҷ шавад, БарҶоми 3 яъне Эрон мутаъаҳид шавад, ки ҳеҷ силоҳи роҳбурдии муҳими тавлид накунад Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд, ки музокира мушкили мо бо Амрикоро ҳал намекунад.

Ба ин тартиб бо таваҷҷуҳ ба мавзеъи усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки борҳо онро ба тарафҳои ғарби дар музокираи Вена ва низ ба Амрико ба сурати ғайри мустақим эълом карда аст Теҳрон ҳеҷгуна музокираӣ ҷуз дар заминаи иҷроӣ шудани дубораи БарҶом дар муқобили лағви таҳримҳо зидди Эронро напазируфта ва дар айни ҳол хоҳони ахзи замона аз Вашенгтон барои адами хуруҷи дубора аз БарҶом аст зимни ин ки Эрон фақат музокира дар қолаби БарҶоми 2015-ро пазируфта ва ҳеҷ мавзуъиро барои музокира фаротар аз он намепазирад.