Ноябр 30, 2022 18:44 Asia/Dushanbe
  • Идомаи низои Русия ва Аврупо
    Идомаи низои Русия ва Аврупо

Комиссияи Аврупо аз пешниҳоди тарҳе барои мусодираи дороиҳои Русия хабар дод.

Иттиҳоди Аврупо ва шуракояш, ки аз замони оғози ҷанги Украина бо иқдомоти зиёде бар оташи ин ҷанг афзудаанд, дар иқдоме ҷадид ба дунболи мусодираи дороиҳои басташудаи Русия ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо рӯзи чаҳоршанбе бо пеш гирифтани дубораи сиёсати душманонаи ин иттиҳодия алайҳи Русия гуфт, ин иттиҳодия то кунун 300 миллиард евро аз манобеи молии Бонки марказии Русияро тавқиф ва ҳамчунин 19 миллиард евро аз дороиҳои олигархҳои Русияро масдуд кардааст.

Фон дер Ляйен бо иддаои ин ки Иттиҳоди Аврупо ва шуракои он дар кӯтоҳмуддат метавонанд аз ин буҷет барои сармоягузорӣ истифода кунанд, афзуд: Даромади ҳосил аз ин сармоягузориро метавон ба манзури ҷуброни хисороти ворида ба Украина ихтисос дод.

Ин дар ҳолест, ки Русия он чӣ ғарбиҳо таҷовуз ба хоки Украина меномандро рад кардаву иқдомоти худ дар ин кишварро «амалиёти низомии вижа» мехонад.

Маскав ҳамчунин иддаоҳо дар бораи ҳадаф қарор додани ғайринизомиён аз тарафи неруҳои низомии русиро рад кардааст.

 

Барчасп