Гуфтугӯи амниятии вазирони дифои Туркияву Амрико
(last modified Thu, 01 Dec 2022 15:41:41 GMT )
Декабр 01, 2022 20:41 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи амниятии вазирони дифои Туркияву Амрико

Вазири дифои Туркия дар гуфтугӯ бо ҳамтои амрикоияш нақзи ҳокимияти Сурия ва мудохилаи низомӣ дар шимоли ин кишварро бо маншури Созмони Миллал тавҷеҳ кард .

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Хулӯси Окор-вазири дифои Туркия дирузи чаҳоршанбе бо Лойд Остин- вазири дифои Амрико гуфтугӯ кардааст .
Вазорати дифои Туркия бо судӯри баёнияе  масоили дифоӣ ва амниятии дуҷонибаву минтақаиро меҳвари гуфтугӯҳо унвон кард .
Амалиёти низомии ҷадиди Туркия дар шимоли Ироқу Сурия ба унвони « Панҷаи шамшер » бо эътирози Бағдод ва Димишқ рӯбарӯ шудааст ва ду кишвар борҳо хостори таваққуфи таҷовузоти Туркия шудаанд .
Туркия пас аз ҳамлаи террористии 13 ноябри Истонбул, ки 6 кушта ва 81 захмӣ барҷой гузошт, Амрикоро ба далели ҳимоят аз Ҳизби коргарони Курдистон  дар Сурия сарзаниш кард .
Лойд Остин дар ин гуфтугӯи телефонӣ мухолифати ин кишварро бо амалиёти низомии ҷадиди Туркия дар шимоли Сурия бо унвони Панҷаи шамшир эълом кард .
Вазири дифои Амрико гуфт бархе ҳамалоти ҳавоии Туркия ба шимоли Сурия амнияти низомиёни амрикоиро, ки бо ниманизомиёни курд ҳамкорӣ мекунанд, ба хатар андохтааст .