Декабр 11, 2016 11:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 200 кушта ва захмӣ дар инфиҷорҳои Истамбули Туркия

Шумори қурбониёни инфиҷорҳои Истамбули Туркия ба 29 нафар расид.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Вазорати корҳои дохилии Туркия эълом кард, ки шумори маҷрӯҳони ду инфиҷори шомгоҳи шанбе дар шаҳри Истамбул ба 166 нафар афзоиш ёфт.

Бино бар эъломи ин вазоратхона, 27 нафар аз қурбониёни ин инфиҷорҳо маъмурони пулиси Туркия буданд.

Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии Туркия гуфт, то кунун 10 гумонбар дар иртибот бо инфиҷорҳои Истамбул боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти давлатии Туркия, яке аз ду инфиҷори мошини бомбагузоришуда, ки маъмурони пулисро ҳадаф қарор дода буд, дар беруни варзишгоҳи Истамбул ва дигаре дар боғи “Struck Macka” дар наздикии ин варзишгоҳ рух дод.

Дар як соли гузашта, манотиқи мухталифи Туркия ба вижа Истамбул шоҳиди ҳамалоти террористӣ буда, ки ДИИШ масъулияти бархе аз онҳоро бар ӯҳда гирифтааст.

 

Барчасп