Худкушии 4 сарбози амрикоӣ дар камтар аз як моҳ
Дар чолише тоза барои Пентагон, мақомоти нерӯи дарёии Амрико аз худкушии машкуки 4 сарбоз дар иёлати Вирҷинияи ин кишвар дар камтар аз як моҳ хабар доданд.
Ҳар 4 сарбоз дар маркази минтақаии нигаҳдорӣ аз киштиҳои Уқёнуси Атлас, дар пойгоҳи дарёии Norfolk-и Вирҷиния дар ҳоли хизмат буданд, ки дар камтар аз як моҳ ба шакли машкук худкушӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, аҷсоди ин сарбозони амрикоӣ, ки ҳамагӣ 22 ва 26 сола буданд, ҳадифосили 29 октябр то 26 ноябр кашф шудааст.
Kayla Arestivo, мушовире, ки дар авосити моҳи ноябр барои кумак ба сарбозони маркази Вирҷиния, ба онҷо эъзом шуд, гуфт, ҳаҷми зиёде аз ноумедӣ дар байни коркунону сарбозони ин марказ вуҷӯд дорад. Раҳбарии нодуруст мавзӯе аст, ки бояд дар қиболи ин сарбозон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Ин худкушиҳо, дуюмин риштахудкушӣ дар байни сарбозони нерӯи дарёии Амрико дар як соли ахир аст. Дар моҳи апрел низ, 3 сарбози нерӯи дарёии Ҷорҷ Вашингтон, ки дар фосилаи 30 моилии Norfolk-и Вирҷиния қарор дорад, дар арзи камтар аз як ҳафта худкушӣ карданд.