Русия: Амрико ба дунболи мунҳариф кардани масири эҳёи БарҶом аст
(last modified Sun, 04 Dec 2022 13:17:18 GMT )
Декабр 04, 2022 18:17 Asia/Dushanbe
  • Русия: Амрико ба дунболи мунҳариф кардани масири эҳёи БарҶом аст

Як манбаи дипломати Русия дар вокуниш ба изҳороти намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон гуфт, замони он расида, ки Иёлоти муттаҳида аз мунҳариф кардани масири эҳёи БарҶом даст бардорад.

Роберт Мелли,, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон рӯзи гузашта (шанбе) гуфта буд, эҳёи БарҶом барои Амрико авлавият надорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, як манбаи дипломатии рус ба хабаргузории РИА Новости гуфт: «ин як масаълаи интихобӣ нест. Амрикоиҳо бояд тамомии тахаллуфоте, ки пештар муртакиб шударо аз байн бибаранд».

Манбаи дипломатии рус дар ин хусус тавзеҳ дод: «аз он сӯи Уқёнус, ҳар азгоҳе изҳороте шунида мешавад, ки пойбандии давлати кунунии Амрико ба ваъдаҳояш барои бозгардондани Амрико ба БарҶомро мавриди тардид қарор медиҳад».

Вай идома дод: «Амрикоиҳо қатъан шитобзада амал мекунанд ва ба дунболи баҳонае муносиб барои инҳироф аз масири бозгашт ба БарҶом ҳастанд, аммо ин як мавзӯи интихобӣ нест».

Манбаи дипломатии рус бо ишора ба ин маворид тасреҳ кард, ки Иёлоти муттаҳида, «муваззаф ба пойбандӣ ба қатъномаи 2231 Шӯрои амнияту ислоҳи тамомии тахаттӣ аз тааҳҳудоташ ба қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони милал аст».

Қариб ба иттифоқи кишварҳои мушорикаткунанда дар гуфтугуҳо, хоҳони ҷамъбандии сареътари музокирот ҳастанд, аммо дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ дар интизори тасмимҳои сиёсии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар хусуси чанд мавзӯи боқимондаи муҳим ва калидист.

Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид дорад, ки агар тарафи амрикоӣ воқеъбенона амал кунад, имкони дастёбӣ ба тавофуқ дар Вена вуҷуд дорад. Тавофуқи маддиназари Эрон санаде аст, ки таҳримҳо ба сурати ҳаддиаксарӣ рафъ ва минтақа ҳам аз иҷрои он баҳраманд шавад.