Ширкати Pepsi садҳо корманди худро ихроҷ мекунад
(last modified Thu, 08 Dec 2022 07:18:48 GMT )
Декабр 08, 2022 12:18 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Pepsi садҳо корманди худро ихроҷ мекунад

Ширкати Pepsi садҳо кормандони худро дар бахши танаққулоту нушиданиҳо дар Амрикои Шимолӣ ихроҷ мекунад ва ба охирин корфармои аслии Амрико табдил мешавад, ки нерӯи кории худро коҳиш медиҳад.

Бархе аз бузургтарин корфармоёни кишвар, аз ҷумла Walmart, Amazon ва Facebook ахиран ҳазорони шуғлро ҳазф кардаанд.  Ин коҳишҳо дар раъси коҳишҳои шуғлӣ қобили таваҷҷуҳ дар саросари дунёи расонаҳо қарор дорад.

Ба гузориши Wall Street Journal, ин нишонаи он аст, ки ихроҷҳои умда, дигар маҳдӯд ба бахшҳои фанноварӣ ва расона нест, зеро ширкатҳо барои як шароити иқтисодии сахттар омода мешаванд. Тибқи гузориши ин рӯзнома, коҳиши машоғил дар Пепси дар тиҷорати нӯшидании мустақар дар Ню-Йорк ва ҳамчунин тиҷорати миёнваъда ва ғизои бастабанди шуда, ки дафтари марказии он дар Техас қарор дорад, анҷом хоҳад шуд.

Wall Street Journal афзуд, ихроҷҳо барои содасозии ширкат аст то битавонад коромадтар бошад.