Ихроҷи Энрике ва рӯнамоӣ аз сармураббии ҷадиди тими миллии Испания
(last modified Thu, 08 Dec 2022 15:30:50 GMT )
Декабр 08, 2022 20:30 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи Энрике ва рӯнамоӣ аз сармураббии ҷадиди тими миллии Испания

Сармураббии тими миллии Испания пас аз ҳазфи тимаш аз рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 2022, аз ин тим ҷудо шуд .

Ба гузориши хабаргузории Форс, Федерасиюни футболи Испания таъид кард пас аз шикасти ин тим аз Марокаш ва ҳазф аз Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар дар марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ Луис Энрике Мартинз дигар сармураббии ин тим нахоҳад буд.
Федерасиюни футболи Испания эълом кард мудири варзишии федерасиюн гузоришеро ба раиси федерасиюн ирсол кард, ки дар он таъкид шуда бо вуҷӯди пешрафтҳои ҳосилшуда дар солҳои ахир ба лутфи талошҳои Энрике ва  ҳамкоронаш бояд пружаи ҷадиде барои тими миллии футболи Испания оғоз шавад . Сарони федерасиюн ин тасмимро ба сармураббии тим интиқол додаанд .
Федерасиюни футболи Испания эълом кард Луис Делафонта , сармураббии тими зери 21 соли ин кишвар ба унвони сармураббии ҷадиди тими миллии бузургсолон интихоб шудааст .
Энрике ки аз соли 2018 ҳидояти испанияиҳоро бар уҳда дошт неруи муҳаррикаи ҷадидиро ба тими миллии футболи Испания ворид кард ва барои тағйири насл дар ин тим талош кард .
Энрике дар муддати ҳузураш бар рӯйи нимкати тими миллии Испания ин тимро ду бор ба ҷамъи чаҳор тими бартари Лигаи миллатҳои Аврупо бурд ва дар Ҷоми миллатҳои Аврупо 2020 низ то марҳалаи ниманиҳоӣ пеш рафт .