Декабр 10, 2022 17:09 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии ЮНИСЕФ аз вазъияти таҳсилии кӯдакони афғон

Бо вуҷӯди талошҳои байналмилалӣ, ҳамчунон 4 миллион кӯдак аз идомаи таҳсил дар Афғонистон маҳрӯм ҳастанд.

Бар асоси гузоришҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, миллионҳо тан аз кӯдакони афғон бавижа духтарон ба далели фақру ноамнӣ аз идомаи таҳсил маҳрӯм мондаанд.

Сандӯқи кӯдакони Созмони милал (ЮНИСЕФ) дар гузориши ҷадидаш бо таъйиди маҳрӯмияти 4 миллион кӯдак дар Афғонистон аз таҳсил, эълом кард, 60 дарсади ин оморро донишомӯзони духтар ташкил медиҳанд.

Толибон ҳудӯд беш аз як сол аст, ки духтаронро аз рафтан ба мадорис боздошта ва бо онки ин тасмим вокунишҳои тунди ҷаҳониро ба ҳамроҳ доштааст, аммо тасмими Толибон мабнӣ бар масдӯд мондани мадорис ба рӯи духтарон ҳамчунон по барҷост.

Толибон барои чандуминбор аст, ки ваъдаи бозгушоии мадориси духтарона дар Афғонистонро медиҳад ва бо гузашти моҳҳо ҳанӯз бар тааҳҳуди худ дар қиболи духтарони Афғонистон амале накардааст.

Ҳукӯмати Толибон дар Афғонистон пас аз рӯи кор омадан эълом кард, ки мадориси духтарона бо механизму шеваи ҷадиде бозгушоӣ мешавад, аммо бовуҷуди гузашти беш аз 15 моҳ ҳамчунон духтарон аз рафтан ба мадорис дар ин кишвар маҳрӯм ҳастанд.

 

Барчасп