Декабр 13, 2022 18:23 Asia/Dushanbe
  • Британия таҳримҳоеро зидди Русия ва Эрон эъмол кард
    Британия таҳримҳоеро зидди Русия ва Эрон эъмол кард

Дар идомаи сиёсатҳои зидди русӣ ва зидди эронии кишварҳои ғарбӣ давлати Британия таҳримҳоеро зидди Маскав ва Теҳрон эъмол кард.

Русия дар таърихи 24 феврал дар пайи иқдомоти таҳрикомези НАТО дар марзи ин кишвар амалиёти низоми дар Украинаро оғоз кард ва кишварҳои ғарбӣ ба вижа Амрико натанҳо иқдоми барои коҳиши танишҳо ва тавақуфи даргириҳо дар Украина анҷом надоданд балки бо ирсоли таҷҳизот ва силоҳ ва эъмоли таҳримҳо ба Русия бештар ба ин нооромиҳо доман заданд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, давлати Британия ба иддаои беасоси ирсоли ҳавопаймои бедуни сарнишин аз Теҳрон барои Маскав таҳримҳоеро зидди Эрон ва Русия эъмол кард.

Ландан имруз сешанбе 13 декабр тайи баёнияи таҳримҳои ҷадидеро зидди 12 мақоми низомии рус се  шахс ва як ширкати созандаи қатаъоти паҳподи эронӣ эъмол кард.

Дар ин баёния омада аст 12 фармондеҳи аршади Русия шомили 10 генерал ва ду палковники артиши ин кишварро таҳрим карда аст.

Ландан ҳамчунин аз иддаои эъмоли таҳримҳое зидди се тоҷир ва мақоми эронӣ ва ҳамчунин як ширкати созандаи қатаъаоти ҳавопймоибедуни сарнишин хабар дод.

 

Барчасп