Ҳоланд, танҳо тими бидуни бохти Ҷоми ҷаҳонӣ
Тими миллии футболи Ҳоланд (Голландия) танҳо тими бидуни шикасти Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар аст .
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонӣ " Варзиши се ", бо шикасти Марокаш,Ҳоланд табдил ба танҳо тими ҷоми ҷаҳонӣ шуд, ки бидуни шикасти ин турнаментро ба поён расонд .
Ҳоланд дар поёни заработи пеналтӣ муқобили Аргентина, бо ҷоми ҷаҳонӣ видоъ кард ва аз ин рақобатҳо канор рафт,аммо дар ҳамон бозӣ низ шикасти дуголаро бо натиҷаи 2 - 2 тағйир дод ва натиҷаи дурахшонеро рақам зад ; ҳарчанд ки мунҷар ба суъӯди “лолаҳои норанҷӣ” нашуд .
Тими Луис фан Хал тавонист Амрико, Сенегал ва Қатарро дар ҷоми ҷаҳонӣ шикаст диҳад ва муқобили Эквадор ҳам ба натиҷаи тасовӣ расид .
Ду финалисти ҷоми ҷаҳонӣ яъне, Фаронса ва Аргентина дар камоли шигифтӣ муқобили Тунису Арабистон бозанда шуданд, то таъми шикастро таҷриба карда бошанд .
Марокаш пеш аз ин бидуни шикаст то ниманиҳоӣ боло омада буд ва танҳо як голи хӯрда дошт, аммо шаби гузашта ( чаҳоршанбе ) 2 - 0 баробари Фаронса бозанда шуд.