Португалия қаҳрамони Лигаи миллатҳои Аврупо шуд
(last modified Mon, 09 Jun 2025 06:33:21 GMT )
Июн 09, 2025 11:33 Asia/Dushanbe
  • Португалия қаҳрамони Лигаи миллатҳои Аврупо шуд

Порстудей – Дастаи миллии футболи Португалия бо пирӯзӣ муқобили Испания қаҳрамони Лигаи миллатҳои Аврупо шуд.

Дастаҳои миллии футболи Испанияву Португалия дар финали Лигаи миллатҳои Аврупо дишаб дар варзишгоҳи Алянс Аренаи шаҳри Мюнхени Олмон рӯ дар рӯйи ҳам қарор гирифтанд, ки ин бозӣ дар 90 дақиқа бо тасовии 2 - 2 ба поён расид. Дар вақтҳои иловагӣ ҳам ду даста муваффақ нашуданд дарвозаи якдигарро боз кунанд, то кор ба зарбаҳои пеналтӣ(ҷаримавӣ) кашида шавад . Дар зарбаҳои пеналтӣ Португалия бо натиҷаи 5 бар 3 унвони қаҳрамониро ба даст овард . / хабаргузории Садо ва Симо