Декабр 17, 2022 13:35 Asia/Dushanbe
  • Лукашенко : Русия наздиктарин кишвар ба мо ва мардуми мост
    Лукашенко : Русия наздиктарин кишвар ба мо ва мардуми мост

Раиси Ҷумҳурии Беларус эълом кард Беларус ба унвони як кишвари мустақилу дорои ҳаққи ҳокимият бо Русия ҳамкорӣ мекунаду ҳаргиз душмани он нахоҳад шуд .

Беларус дар 25 августи 1991 ба таври расмӣ ва дар паи фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ истиқлоли худро ба унвони Ҷумҳурии Беларус эълом кард .
Ба гузориши рӯзи шанбеи ИСНА, Александр Лукашенко-раиси Ҷумҳурии Беларус дар нишасте бо мавзӯи ҳамкории байни Беларус ва Русия гуфт : Мо ба унвони як кишвари мустақилу дорои ҳаққи ҳокимият бо Русия ҳастем ва ҳеҷ як аз барномаҳои « кишварҳои иттиҳодия » ( Русияу Беларус ) ҳокимияту истиқлоли Беларусро нақз намекунад .

Лукашенко афзуд : Акнун, ки муддате аз кудатои 2020 дар Беларус мегузарад, сиҳҳати раванди наздик шудан ба Русия ва моҳияти иқдомоти марбута аз ҷумла тасвиби бастаи асноди ҳамроҳшудан дар чорчӯби кишвари иттиҳодияро метавон таъйид кард .

Бино бар изҳороти раиси Ҷумҳурии Беларус акнун авзоъ дар ҳоли пешрафт аст; ба вижа дар паи музокирот дар 19 декабри 2022 байни Русияу Беларус .
Лукашенко хотирнишон кард : Бояд ба ин нукта ҳам ишора кунам, ки касе ҷуз мо дар Беларус ҳукмронӣ намекунад . Ин амалкарди мо бар асоси Қонуни асосӣ аст .
Раиси Ҷумҳурии Беларус бори дигар бар аҳамияти ҳифзи равобити дӯстона бо Русия таъкид ва эълом кард : Русия наздиктарин кишвар ба мо ва мардуми мост .

Бештар бихонед :

 

Барчасп