Идомаи хушунати мусаллаҳона дар Амрико ва ҷонбохтани 2 навҷавон
(last modified Sun, 18 Dec 2022 06:57:26 GMT )
Декабр 18, 2022 11:57 Asia/Dushanbe
  • Идомаи хушунати мусаллаҳона дар Амрико ва ҷонбохтани 2 навҷавон
    Идомаи хушунати мусаллаҳона дар Амрико ва ҷонбохтани 2 навҷавон

Тирандози дар як бинои истиқомати дар Атланта маркази иёлати Ҷурҷиёни Амрико ба ҷонбохтани 2 навҷавон ва захми шудани се нафари дигар мунҷар шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон полиси Амрико рузи якшанбе эълом кард, ки кушта шудаҳо 14 ва 14 сола ва захмиҳо ду писари 11 ва 15 сола ва як духтари 15 сола ҳастанд.

Чорлез Ҳемптун муъовини полиси Атланта гуфт: Ин даъво дар шабакаҳои иҷтимоъӣ шуру шуд ва ба тирандози поён ёфт.

Муъовнини полиси Атланта афзуд, ки дар ин ҳодиса гуруҳи аз навҷавонҳо бо силоҳ вориди бинои истиқомати шуданд ва гуруҳи дигар низ бо силоҳҳои худ ба тарафи онҳо шилик карданд.

Ҳемптун гуфт, ки ин хушунат аввал аз дохили як манзили истиқомати шуруъ шуд ва сипас ба хориҷ кашида шуд.

Муқоисаи оморҳои хушунат бо силоҳ миёни Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон Амрикоро кишвари комилан истиснои нишон медиҳад бо он ки Амрико ҳудуди 5 дарсад аз ҷамъияти дунёро ташкил медиҳад наздик ба 31 дарсад аз касоне, ки муртакиби кушторҳои ҷамъи бо силоҳ мешавандро дар худ ҷой дода аст.