Таҳлил: Таъкиди Чин бар пойбандии Инглис ба қавонини байналмиллалӣ
(last modified Sun, 18 Dec 2022 13:21:04 GMT )
Декабр 18, 2022 18:21 Asia/Dushanbe
  • Ин ҳушдор шаддидтарин ҳушдори Пекин ба давлати Лондон дар мавриди бетаъаҳудии мукаррари Инглис дар қиболи масоъили дуҷониба ва байналмиллалӣ аст
    Ин ҳушдор шаддидтарин ҳушдори Пекин ба давлати Лондон дар мавриди бетаъаҳудии мукаррари Инглис дар қиболи масоъили дуҷониба ва байналмиллалӣ аст

Ванг Венбин сухангуи вазорати умури хориҷаи Чин ба Инглис ҳушдор дод, аз таҳрифи сиёсии ҳодисаи Манчестер даст бардорад ва ба қавонини байналмиллалӣ ва таъаҳудоти дуҷонибаи худ дар мавриди консулгариҳо пойбанд бошад.

Ванг Винбин ҳушдор дод, дар сурате, ки Инглис таҳрифи сиёсӣ дар қиболи ин ҳодисаро мутавақиф накунад, Пекин бо қотеъият ва иқдомоти мутақобил посух хоҳад дод. Ин ҳушдор шаддидтарин ҳушдори Пекин ба давлати Лондон дар мавриди бетаъаҳудии мукаррари Инглис дар қиболи масоъили дуҷониба ва байналмиллалӣ аст. Дар ҳоле, ки давлати Чин ҳодисаи  Минчестерро ноши аз ҳамлаи афроди ношинос ба консулгари ва зарбу шати  авомили он медонанд. Аммо полиси Манчестери Инглис аз давлати Чин хоста буд бо лағви масунияти дипламатики шаш тан аз коркунони консулгарӣ, имкони бозҷӯи аз ононро фароҳам кунад.

Полиси Инглис мудаъӣ аст 16-уми октябр авомили консулгари пас аз кашондани як муътариз ба дохили маҳватаи консулгарии Чин дар Манчестер, дар ҷараёни тазоҳуроти зиддӣ Ши Ҷинпинг Раиси Ҷумҳӯрии ин кишвар, тавассути чанд мард мавриди зарбу шатм қарор гирифтааст. Чин ин иддаоро рад мекунад ва муътақид аст ибтидо муътаризон даст ба иқдомоти таҳрикомез заданд ва сипас яке аз коркунони консулгариро аз сохтмон берун кашиданд ва мавриди зарбу шатм қарор доданд.

Ба ҳамин далел Вонг Ванбин сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин, "Инглисро ба таҳрики ҳодисаи Манчестер муттаҳам кард ва аз давлати Лондон хост ба қавонини байналмиллалӣ ва ба таъаҳудоти дуҷонибаи худ дар мавриди консулгариҳо пойбанд бошад. Давлати Чин ин сиёҳнамоии  дипламатикии Лондаоро дар ростои идомаи фишорҳои расонаӣ ва умумии давлати Инглис бар давлати Чин талқи мекунад".

Ҳавон Ҷинг коршиноси масоилӣ Аврупо дар Чин дар ин бора мегӯяд: Инглис омили бисёре аз мушкилоти сиёсӣ ва амниятӣ дар саросари ҷаҳон аст ва умдатан бо мушкилсозӣ кори худро пеш мебарад. Яке аз масоиле дар ин хусус метавон ба мушкилоти марзӣ байни Чин ва Ҳидустон низ ишора кард.

Дар мавриди соири маворид нақзи таъаҳудоти байналмиллатии Инглис аз дидгоҳи Чин, ки борҳо дар мавриди онҳо ба давлати Лондон низ ҳушдор додааст метавон ба мавориди зер ишрора кард. Мутаъаҳид набудани давлати Инглис ба таъаҳудоташ дар қиболи Ҳонг Конг дар мавриди масоили дохилии Чин, ҳушдори Чин дар мавриди ҳамкориҳои Инглис, Фаронса ва Амрико бо Австралия дар хусуси зердарёиҳои атоми, ки нақзи таъаҳудоти онҳо дар мавриди П.Т.М медонанд.

Саввумин мавзӯъи қобили ишора нодида гирифтаини қавоиди байналмиллалӣ дар ҷилавгирӣ аз сохти сафорати бузурги ҷадид дар наздикии (Tower Bridge) дар Лондон аст. Бинобарин аз дидгоҳи Чин Инглис хориҷ аз таъаҳудоти байналмиллалӣ бозигарӣ мекунад, ки метавонад паёмадҳои хатарноке ба дунбол дошта бошад.

Сунг Жунгпинг коршиноси масоили байналмиллалӣ дар ин бора  мегӯяд: Инглис як бабри коғазӣ аст, ки бо рафторҳои ғайри қонуни ва хориҷ аз урфи дипламатик, дар саддаи бузургнамоии худ аст ва ин дар ҳоле аст, ки Лондан қудрати худро аз Вашигтон касб мекунад ва ба танҳоӣ ҳарфе барои гуфтан надорад.

Дар ҳар ҳол, ҳушдор Чин ба даавлати Лондон дар мавриди  амал ба таъаҳудоташ дар қиболи ҳодисаи Менчестер нишон медиҳад, ки давлати Инглис дар ҳамсӯи бо Амрико, сиёсати эъмоли фишорҳои ҳамаҷонибаро зиддӣ Пекин дунбол мекунад. Ин бадон маъно аст, ки  Чин худро дар мавочеҳ  бо дунёи Ғарб ҳампаймони Вашингтон медонад ва роҳе барои худ ҷузъ ҳушдор ва даст задан ба ҳаргуна иқтоми мутақозӣ намедонад. Бо ин ҳол Чин дар амал нишон додааст, ки ба ҳеч унвон хоҳони таниш ва ташдиди он бо Инглис нест. Мавзӯе, ки метавонад дар иҷрои барномаҳои иқтисодии Чин таъсири манфи дошта бошад.

Бештар бихонед: