Декабр 19, 2022 20:42 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши Русия ва Чин

Вазорати дифои Русия эълом кард, ки нерӯҳои дарёии ин кишвару Чин, ба муддати як ҳафта размоиши низомии муштарак дар дарёи шарқии Чин баргузор мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, вазорати дифои Русия рӯзи душанбе бо интишори баёнияе эълом кард, размоиши муштараки неруҳои дарёии Русия ва Чин аз рӯзи 21 то 27 декабр баргузор мешавад.

Бар асоси баёнияи вазорати дифои Русия, ин размоиши муштарак, ки ба сӯрати солиёна аз соли 2012 баргузор мешавад, бо истифода аз ракету тӯпхона баргузор хоҳад шуд ва шомили шиллики мӯшак ва тӯпхона аст.

Дар баёнияи вазорати дифои Русия омадааст: «Ҳадафи аслии ин размоиш, тақвияти ҳамкории дарёӣ байни Русия ва Чин, ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи шарқи Осиё – Уқёнусия аст».

Бар ин асос чаҳор киштии ҷангӣ аз Русия шомили нови мӯшакандоз ва шаш шиновари низомии Чин ба ҳамроҳи болгардҳо ва ҷангандаҳои ду кишвар дар ин размоиши дарёии як ҳафтаӣ ширкат мекунанд.

Давлатҳои Пекину Маскав дар моҳи феврали имсол ва чанд рӯз қабл аз оғози амалиёти низомии вижаи Русия дар минтақаи Донбасс, санади ҳамкории «роҳбурде бидуни маҳдӯдият» имзо карданд.

 

Барчасп