Тарҳи Русия барои истифода аз рамзарзҳо дар муомилоти байналмиллалӣ
Олга Скоробогатова-муовини аввали раиси Банки марказии Русия аз тарҳи Маскав барои истифода аз рамзарзҳо дар муомилоти байналмиллалӣ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Олга Скоробогатова-муовини аввали раиси Банки марказии Русия рӯзи душанбе дар маҷлиси Думаи давлатии ин кишвар эълом кард: Дар ҳоли ҳозир барномарезӣ мекунем, ки ба сурати озмоишӣ аз рамзарзҳо дар пардохтҳои байналмиллалӣ яъне фаъолиятҳои иқтисодии байналмиллалӣ истифода кунем.
Ин мақоми рус гуфт, ки ин тарҳ бо мушорикати тарафҳои алоқаманд иҷро мешавад, аммо ишорае ба ҳувияти ин афрод ё ширкатҳо накард.
Низвик низ душанбешаб дар гузорише навишт, ки Русия талош мекунад то роҳҳое барои тақвияти тавони молии худ дар баробари таҳримҳои Ғарб пайдо кунад, аз ин рӯ қасд дорад ба рамзарзҳо рӯй оварад.
Ин нашрия гузориш дод, ки Думаи Русия ҳафтаи ҷорӣ лоиҳаеро баррасӣ хоҳад кард, ки роҳро барои эҷоди як бозори рамзарзи дохилӣ боз мекунад. Ин тарҳ шомили қонунӣ кардани истихроҷи рамзарз ва фурӯши он аст.
Дар ҳамин ҳол Анатолий Аксаков-раиси Кумитаи бозорҳои молии Дума гуфт: Кишварҳои ғарбӣ таҳримҳо алайҳи мо вазъ карда ва мушкилоте барои нақлу интиқолоти банкӣ аз ҷумла пардохтҳои байналмиллалӣ эҷод кардаанд.
Анатолий Аксаков афзуд: Агар мо ин тарҳ (истифода аз рамзарзҳо)-ро иҷроӣ кунем, кишварҳои дигар низ фаъолона аз он истифода хоҳанд кард ва контроли Амрико бар низоми молии дунё поён хоҳад ёфт.
бештар бихонед :