Декабр 21, 2022 17:41 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: БарҶом бар асоси музокироти суратгирифта дар Вена азсар гирифта шавад
    Амирабдуллоҳиён: БарҶом бар асоси музокироти суратгирифта дар Вена азсар гирифта шавад

Намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена тасмими Амрико барои таваққуфи музокирот барои лағви таҳримҳоро ғайримасъулона хонд.

Давлати Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, ки то пеш аз вуқуи ҳаводиси дохилии Эрон, ба далели интихоботи миёндавраии Конгресс қодир ба тасмимгирии сиёсӣ дар бораи музокироти Вена набуд, ҳамзамон бо шуруи нооромиҳо бо дахолат дар умури дохилии Эрон, бо вуҷуди шиори рӯйкарди дипломатӣ дар қиболи Эрон эълом кард, ки бар ҳаводиси дохилии Эрон мутамаркиз шудааст ва тавофуқи ҳастаӣ дар дастури кор нест.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Михаил Улянов, намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена имрӯз - чаҳоршанбе дар конфронси матбуотӣ эълом кард, музокирот барои лағви таҳрим ҳо метавонад дар як ё ду рӯз такмил шавад, аммо Амрико омодаи азсаргирии он нест.

Пеш аз ин Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон баъд аз дидори рӯзи сешанбе бо Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо зимни эъломи омодагии Теҳрон барои ҷамъбандии музокироти Вена барои лағви таҳримҳо бар асоси пешнависи бастаи музокиротӣ, ки натиҷаи моҳҳо музокироти сахт ва фишурда аст, ба тарафҳои муқобил тавсия кард, бо парҳез аз сиёсикорӣ ва бо гирифтани рӯйкарде созандаву воқеъбинона, тасмимоти сиёсии лозимро барои эъломи тавофуқ бигиранд.

Ҷозеп Боррел низ баъд аз дидор бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар Аммон, пойтахти Урдун, бо интишори паёме дар Твиттер навишт, ду тараф дар ин дидор тавофуқ карданд, канали иртиботиро боз нигаҳ доранду БарҶом бар асоси музокироти суратгирифта дар Вена азсар гирифта шавад.

 

Барчасп