Декабр 21, 2022 18:38 Asia/Dushanbe
  • Зеленский бо Байден дидор мекунад
    Зеленский бо Байден дидор мекунад

Ба дунболи сафари раиси ҷумҳурии Украина ба Амрико, сухангӯи Кремл музокироти сулҳ бо Киевро мардуд эълом кард.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина дар аввалин сафари худ ба хориҷ аз кишвар аз замони шуруи ҷанг дар 24 феврал, чаҳоршанбе қарор аст дар Вашингтон бо Ҷо Байден, ҳамтои амрикоии худ ва раҳбарони Конгресс дидору гуфтугӯ кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Димитрий Песков, сухангӯи кохи Кремл имрӯз - чаҳоршанбе дар ин бора эълом кард, ҳеҷ натиҷаи хубе аз сафари Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина ба Вашингтон ҳосил нахоҳад шуд ва Русия шонсеро барои музокироти сулҳ бо Украина намебинад.

Песков дар идома, зимни ҳушдор дар бораи идомаи судури таслеҳот ба Киев эълом кард, идомаи ироаи таслеҳоти ғарбӣ ба афзоиши низоъ мунҷар шудаву натиҷаи маъкус барои Украина хоҳад дошт.

Дар ҷараёни сафари Зеленский, Амрико қарор аст таҳвили сомонаҳои мушакии пешрафтаи “Патриот”-ро ба унвони бахше аз бастаи кумаки низомии 1. 8 миллиарддолларӣ ба Украина таъйид кунад.

Маскав борҳо ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки ирсоли таслеҳот ба Украина даргириро тӯлонӣ мекунад.

 

Барчасп