Ибрози нафрат ва ташдиди эътирозҳо ба сафари Натаняҳу ба Боку
(last modified Mon, 12 Dec 2016 12:02:14 GMT )
Декабр 12, 2016 17:02 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нафрат ва ташдиди эътирозҳо ба сафари Натаняҳу ба Боку

Эътирозҳои мардум, ташаккулҳои дохилӣ ва маҳофили сиёсии минтақа ба сафари нахуствазири режими Исроил ба Боку ҳамчунон идома дорад.

Дар идомаи ин эътирозҳо ва ибрози нафрат, ду ташаккули фаъоли шомили Ҳизби ислом ва ҷамъияти рухониёни муборизи ҷумҳурии Озарбойҷон бо судури баёнияҳо ба сафари  Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба Боку эътироз карданд. Дар ҳамин иртибот, шумори зиёде аз равшанфикрон ва миллигароёни озарӣ низ дар гуфтугӯ бо расонаҳои мустақил, ба сафари қарибулвуқуъи нахуствазири режим нажодпарасти Исроил ба Боку эътироз карда ва хостори лағви ин сафар шудаанд.

Мақомҳои режими Исроил чандин ҳадафро дар сафари ояндаи Натаняҳу ба Боку дар дастури кор қарор додаанд. Аз ҷумлаи ин аҳдоф метавон ба талоши режими саҳюнистӣ ба манзури доир кардани сафорати ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тел Авив ва фурӯши силоҳ ба ин кишвар ишора кард. Яке дигар аз аҳдофи сафари нахуствазири режим саҳюнистӣ ба ҷумҳурии Озарбойҷон, изҳори хушнудии ин режим аз эъломи соли 2016 мелодӣ ба унвони "соли чанд фарҳанггароӣ" дар ҷумҳурии Озарбойҷон эълом шудааст. Пеш аз сафари Натаняҳу ба Боку, як ҳайати панҷоҳ нафара аз донишҷуёни амрикоии шоғил ба таҳсил дар донишгоҳҳои исроилӣ бо сафар ба ҷумҳурии Озарбойҷон, аз ба истилоҳ "Маркаиз байналимилалии чанд фарҳанггароӣ Боку" боздид карданд.

Бо вуҷуди он ки мавзӯъи чанд фарҳанггароии раисиҷумҳурии Озарбойҷон сирфан ба шумори андаки ҷамъияти яҳудиён дар ин кишвари мусулмон муртабит аст, давлати Илҳом Алиев бо мусоидати режими Исроил талош мекунад, дар сатҳи байналмилалӣ ба унвони як давлати пешрав дар ин замина муаррифӣ шавад. Дар ҳоле, ки дар ҷумҳурии Озарбойҷон ақвоми мутааддиде зиндагӣ мекунанд, ки аз камтарин имконот ва вазъияти зиндагӣ бархӯрдоранд. Аз ҷумла метавон ба вазъияти номуносиби зиндагии толишҳо, лезгиҳо, тотҳо ва оворҳо ном бурд.  Ин ақвом аз шароити муносибе барои зиндагӣ ва таҳсил бархӯрдор нестанд. Дар муқобил, яҳудиён ва бархе аз адён ва фирқаҳои зола фаъол дар ҷумҳурии Озарбойҷон аз беҳтарин шароит ва имконот давлати Илҳом Алиев суд мебаранд. Ба иборати дигар, метавон гуфт, ҳатто шайтонпарастон ва кришноиҳо дар ҷумҳурии Озарбойҷон бо теъдоди ангуштшумор ҳомӣ, вазъияти муносибтаре аз мусулмонон ва бавижа шиаён бархӯрдоранд. Далели ин амр низ ба ҳимоятҳои давлати илҳом Алиев аз он теъдоди ангуштшумор боз мегардад.

Аз инруст, ки сафари Натаняҳу ба Боку, ки қарор аст, фардо (сешанбе -13 декабр) анҷом шавад, бо мухолифатҳои мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон ва эъломи инзиҷори миллатҳои мусулмони минтақа ба вижа озарӣ забонҳо мувоҷеҳ шудааст ва бидуни шак, аҳдофи мавриди назари тарафайни зинафъ дар ҷараёни ин сафар муҳаққақ нахоҳад шуд.