Шашумин шикасти Конгресси Амрико дар интихоби раис
(last modified Thu, 05 Jan 2023 07:27:57 GMT )
Январ 05, 2023 12:27 Asia/Dushanbe
  • Шашумин шикасти Конгресси Амрико дар интихоби раис

118-умини Конгресси Амрико дар ҳоле аз рӯзи сешанбе сеюми январ ба вақти маҳаллиӣ шурӯ ба кор карда, ки токунӯн 6 бор барои интихоби раиси Маҷлиси намояндагони раъйгирӣ карда, аммо дар рӯйдоде бесобиқа, ҳануз натавонистааст, раиси Маҷлиси намояндагонро интихоб кунад.

Барои интихоби раиси маҷлис дар маҷмӯъ 218 раъйи мувофиқ лозим аст. Маҷлиси намояндагону ҷумҳурихоҳон бо яке аз бузургтарин буҳронҳои садсол (як қарни ахир) ахир мувоҷҷеҳ ҳастанд ва натавонистаанд дар даври аввал як қонунгузорро ба унвони раис интихоб кунад.

Буҳрони интихоби раиси Маҷлиси намояндагони Амрико дар ҳоле аст, ки Кевин Маккарти, намоянда ва раҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳон, бо касби 201 раъй боз ҳам натавонист аксарияти ороро барои такя бар сандалии раёсат ба даст оварад.

Дар ин давра аз Маҷлиси намояндагони Амрико, ки ҷумҳурихоҳон дорои аксарияти курсиҳо ҳастанд, дар шашумин даври раъйгирии интихоби раис, Кевин Маккарти 201 раъйро боз ҳам тавонист аз они худ кунад ва дигар намояндаи ҷумҳурихоҳи ифротии 20 раъй касб карду ҳамаи 212 узви демократи Конгресс низ ба Ҳаким Ҷефрис, раҳбари ақаллият раъй доданд.

Дар давраҳои чаҳоруму панҷуми раъйгирӣ барои интихоби раиси Маҷлиси намояндагон низ ҳамин оро такрор шуда буд.

Ихтилоф байни намояндагони ҷумҳурихоҳон идома дораду тибқи қавонин, Конгресси Амрико то замоне, ки раиси Маҷлиси намояндагон интихоб нашавад, наметавонад фаъолияти худро оғоз кунад.