Қатли оми аъзои як хонаводаи ҳаштнафара дар Амрико
(last modified Thu, 05 Jan 2023 12:37:49 GMT )
Январ 05, 2023 17:37 Asia/Dushanbe
  • Қатли оми аъзои як хонаводаи ҳаштнафара дар Амрико

Ҷасадҳои ҳашт узви як хонавода аз ҷумла панҷ кӯдак дар хонае дар шаҳри Енок дар иёлати Юта пайдо шуд, ки ба зарби гулӯла кушта шуда буданд .

Озод будани ҳамли силоҳ дар Амрико боиси вуқуъи хушунатҳои мусаллаҳона ва тирандозӣ дар саросари ин кишвар аст, ки ҳар рӯз қурбонӣ мегирад .
Ҳар чанд солҳост, ки бисёре аз амрикоиҳо бо эътироз ба озодии ҳамлу моликияти силоҳ дар Амрико хостори ислоҳи қонунҳои кишварашон дар ин замина ҳастанд, аммо лобии силоҳ ба қадре дар ин кишвар қудратманд аст, ки Конгресс то кунун иқдоми таъсиргузоре барои маҳдуд кардани ҳамли силоҳ дар Амрико анҷом надодааст .
Ба гузориши пойгоҳи интерентии рӯзномаи Нию-Йорк таймс, афсарони полис рӯзи чаҳоршанбеи ин кашфро дар ҳини анҷоми " баррасиҳои " одии худ дар ин хона анҷом доданд . Шаҳри кучаки Енок, ки ҳудӯди 8000 нафар ҷамъият дорад дар бахши ҷануби ғарбии иёлати Юта қарор дорад ва аксари сокинони он кишоварз ҳастанд . Мақомоти маҳаллӣ ҷузъиёти бештаре дар мавриди қурбониён ё шароити марбут ба тирандозӣ мунташир накарданд . Роби Дотсон, аз мақомоти ин шаҳр гуфт, ки мақомот ҳеҷ иттилооте дар мавриди ангезаи эҳтимолӣ дар ин ҳодиса надоранд ва эҳтимолан ҳар гӯна натиҷагирӣ дар бораи ончӣ дар дохили хона рух додааст ба рӯзҳо замон ниёз хоҳад дошт .
Баррасиҳо нишон медиҳад шумори куштаҳои бо истифода аз силоҳи гарм дар Амрико ба болотарин ҳад дар сӣ соли гузашта расидааст .