Январ 07, 2023 10:28 Asia/Dushanbe
  • Назарсанҷӣ ; Давлати муҳофизакори Британия дар сарошебии суқут

Натоиҷи тозатарин назарсанҷиҳои суратгирифта дар Британия нишон медиҳад, ки давлати муҳофизакори Риши Сунок ба рағми тарҳи ваъдаҳо ва иддаои беҳбудии авзоъи буғранҷи иқтисодӣ пуштвонаи умумии худро аз даст додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, бар асоси назарсанҷии муштараки муассисаи муътабари Йоги ва нашрияи Таймси Лондон, ки аз байни 1 709 бузургсол дар рӯзҳои чаҳоруму панҷуми январи 2023 сурат гирифтааст 25 дарсад тарафдори Ҳизби ҳокими муҳофизакор ва 46 дарсад тарафдори Ҳизби коргар ба раҳбарии Кейр Стармер ҳастанд .
Тибқи ин назарсанҷӣ агар қарор бошад фардо интихоботи саросарӣ баргузор шавад 17 дарсад гуфтаанд ба ҳизби ҳоким ва 31 дарсад ба рақиб раъй медиҳанд . Ёфтаҳои ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки аз назари афкори умумӣ Кейр Стармер нахуствазири беҳтаре нисбат ба Риши Сунок аст .
Натоиҷи ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон медиҳад, ки аз назари бештари мардуми Британия давлат амалкард бисёр баде нисбат ба масъалаи Бригзит доштааст. Тибқи назарсанҷии суратгирифта 67 дарсад амалкарди давлатро хеле бад ва 20 дарсад хуб тавсиф кардаанд . Ҳамчунин аз назари 54 дарсади мардуми Англия Бригзит таҳаввули иштибоҳ ва аз назари 35 дарсад дуруст будааст .
Ҳарчанд давлати Британия исрор дорад ки мушкилоти иқтисодии кишвар бархоста аз ҷанг дар Украина аст, аммо таҳлилгарон Бригзитро омили аслии вазъи мавҷуд медонанд.

 

Барчасп