Таҳлил - Таъкиди Байден бар иқдомоти сахтгиронаи бештар алайҳи муҳоҷирон
Бо ҷанҷолӣ шудани буҳрони муҳоҷирони ғайри қонунӣ ё ҳамон паноҳҷӯён дар марзҳои ҷанубии Амрико ва Мексика, Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико барои аввалин бор аз замони тасаддии раёсатҷумҳурӣ, аз марзи ин кишвар ва Мексика боздид кард.
Боздиди Ҷо Байден аз марзи Мексика бо эъломи ваъдаи ӯ барои сахтгирии бештар алайҳи паноҳҷӯён ҳамроҳ шудааст. Раисиҷумҳури Амрико дар ҷараёни ин дидор ваъда дод, ки давлати ӯ бо убӯри муҳоҷирони Кубо, Гаити ва Никарагуа муқобила ва марзро масдуд хоҳад кард ва ҳамзамон қавонини иҷрои муҳоҷиратро сахттар аз гузашта хоҳад кард. Ҷо Байден чанд рӯз қабл стротежии ду ҷонибаеро муаррифӣ кард, ки дар он қавонини боздорандагии дугона монеъ аз вуруди муҳоҷирони аҳли Куба, Гаити ва Никарагуа аз тариқи марзи Мексика бо Амрико мешавад, дар ҳоле, ки масирҳои қонунии маҳдӯди ҷадидеро барои вуруд ба Амрико пеши пои онҳо мегузорад.
Раисиҷумҳури Амрико дар ҷараёни як суханронӣ дар Кохи Сафед гуфт: Мо наметавонем афродро аз сафар манъ кунем, аммо метавонем аз онҳо бихоҳем ба шевае муназзаму қонунманд, ба кишвари мо биёянд.
Фаъолони ҳуқуқи башар ва бархе демократҳо сахтгириҳои ваъда дода шудаи Байден алайҳи паноҳҷӯёнро ақабнишинии ӯ аз ваъдаи интихоботии худ дар соли 2020 барои бозгардондани ҳуқуқи таърихӣ ба паноҳӯён унвон кардаанд ва бархе аз мунтақидон гуфтаанд, ки Байден дар ҳоли эҳёи сиёсати саркӯби муҳоҷирон дар даврони Трамп аст.
Ин дар ҳоле аст, ки сиёсатҳои муҳоҷиратии Амрико боиси оворагии даҳҳо ҳазор нафар аз паноҳҷӯён дар марзҳои ҷанубии ин кишвар бо Мексика шудааст. Бавижа тамдиди банди 42 қавонини муҳоҷиратӣ тавассути Девони олии Амрико, ки ахиран сӯрат гирифт ба маънои оворагии ҳазорон муҳоҷир дар марзҳои ҷанубии он аст.
Дар ҳоле, ки обу ҳавои зимистонӣ дар декабри 2022 ва январи 2023 сабаби ҳаводиси зиёде дар Амрико шудааст, дамои зери сифр дараҷа вазъиятро барои паноҳҷӯён дар марзҳои ҷанубии ин кишвар бадтар кардааст. Дар моҳи декабр дамои ҳаво ба шиддат коҳиш ёфт. Шумори зиёде аз паноҳҷуён дар дохили чодар дар наздикии рӯдхонаи марзӣ, зиндагӣ мекунанд. Обу ҳаво бисёр сард аст.
Яке аз паноҳҷуёни зан дар ин бора гуфт: Сармо ваҳшатнок аст. Дамои ҳаво ба шиддат коҳиш ёфтааст ва мо наметавонем коре барои гарм кардани худ анҷом диҳем. Мо танҳо ба дохили чодарҳо меравем. Кӯдакон наметавонанд ин вазъиятро таҳаммул кунанд.
Як узви гуруҳи Пизишкони бидуни марз мегуяд, паноҳҷӯён бо камбуди обу ғизо рӯбарӯ ҳастанд. Вазъияти онҳо рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Ин ба хотири камбуди маҳали искон аст. Ин ба хотири камбуди об ва ғизо аст. Бисёре аз онҳо ба бемории мубтало шудаанд. Паноҳҷӯён ба осонӣ наметавонанд аз ин вазъият наҷот пайдо кунанд. То замоне, ки банди 42 қонуни муҳоҷирати Амрико вуҷӯд дорад вазъият ба ҳамин минвол аст. Ин мавзӯ ба саломатии онҳо осеб ворид мекунад.
Дар ин ҳол бархе аз фаъолони иҷтимоӣ тамоми талоши худро мекунанд то ба муҳоҷирон кумак кунанд.
Як фаъоли иҷтимоӣ гуфт: Афроди зиёдн аз рӯдхона убӯр кардаанд. Аммо маъмурони марзии Амрико интизори онҳоро мекашанд ва онҳоро боздошт мекунанд ва онҳоро ба инҷо бозмегардонанд .
Ба назар мерасад, ин вазъияти душвор ҳамчунон барои муҳоҷирон дар соҳили ҷанубии руди Рио-Гранде идома дошта бошад. Додгоҳи олии Амрико қарор аст далоили тамдиди банди 42 қонуни муҳоҷирати Амрикоро дар моҳи феврал баррасӣ кунад. Аммо тасмимгирӣ дар ин замина то июни 2023 ба тӯл хоҳад кашид ва эҳтимоли тағйир дар ин замина низ бисёр баъид аст. Ин ба маънои ҳузури тӯлонимуддати муҳоҷирони ғайри қонӯнӣ ё ҳамон паноҳҷӯён дар нуқоти мухталифи марзии Амрико ва Мексика аст.
Нуктаи муҳим инки ҷумҳурихоҳон акнӯн кантроли Маҷлиси намояндагони Амрикоро ба даст гирифтаанд ва ба ҳамин далел баъид баназар мерасад, ки иддаои Байден дар бораи ислоҳот дар системаи муҳоҷиратии Амрико, ки дар авоили зимомдории ӯ матраҳ шуд, ҳаддиақал дар кӯтоҳмуддат ва тайи чанд моҳи оянда ба натиҷае бирасад. Қонунгзорони муҳофизаи кори ҷумҳурихоҳ дар ду даҳаи гузашта борҳо ва борҳои пешниҳодҳои марбӯт ба ислоҳи система ва қавонини муҳоҷиратии Амрикоро ақим гузоштаанд. Аз сӯи дигари иқдоми ахири Байден дар мамнуияти вуруди муҳоҷирон аз тариқи марзи Мексика бо Амрико бо ҳадафи коҳиши мизони убӯри муҳоҷирон аз марз, ҳар чанд вайро аз интиқоди тунди ҷумҳурихоҳон дар амон нигаҳ дошта, аммо чархише бузург дар ваъдаҳои таблиғотиаш дар бораи эҳёи раванди паноҳандагӣ дар Амрико аст.
Бештар бихонед:
- Тафсир - Мавҷи ҷадиди паноҳҷӯён; бархӯрди бади Аврупо ва вазъияти асафноки паноҳҷӯён+назари коршинос
- Дасти радди Амрико ба синаи 90 дарсади паноҳҷӯёни афғон