Январ 13, 2023 18:49 Asia/Dushanbe
  • Беҳтаринҳои ФИФА 2022
    Беҳтаринҳои ФИФА 2022

Федератсияи Ҷаҳонии Футбол номзадҳои бартаринҳои футболи ҷаҳон дар соли 2022 - ро ба номи ҷоизаи «THE BEST» муаррифӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, номзадҳои ҷоизаи ФИФА бо унвон «THE BEST» дар ҳоле эълом шуд, ки Лионел Месси бо тавваҷуҳ ба қаҳрамонӣ бо Аргентина дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар, бештарин шонсро барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин бозикуни сол дорад.

Барандагон дар маросиме, ки авохири соли ҷории мелодӣ баргузор хоҳад шуд, муаррифӣ хоҳанд шуд.

Дар бахши номзадҳои беҳтарини бозикуни марди ФИФА номи бозикунҳое монанди Хулиян Алварес, Ҷууд Беллингҳем, Карим Бензима, Кевин де Брюйне, Эрлинг Ҳоланн, Ашраф Ҳакимӣ, Роберт Левандовский, Садио Мане, Килиан Мбаппе, Лионел Месси, Лука Мудрич, Неймар, Муҳаммад Салоҳ ва Винисиус Ҷуниор дида мешавад.

Дар листи номзадҳои беҳтарини мураббии мардони ФИФА ҳам Карло Анчелотти, Диде Дешам (Дидие Дешан), Пеп Гвардиола, Валид Реграги ва Лионел Скалони ҳузур доранд.

 

Барчасп