Январ 14, 2023 12:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Вазорати хазонадории Амрико дар бораи убури давлат аз сақфи қарзҳо

Вазири хазонадории Амрико ба Конгресс ҳушдор дод давлати федерол ба зудӣ аз маҳдудияти таъйиншуда барои сақфи қарзҳо убур хоҳад кард .

Вазорати хазонадории Амрико авохири соли 2022 эълом карда буд қарз(бадиҳи)и миллии Амрико барои аввалин бор дар авҷи афзоиши нархи баҳра барои маҳори таварруми бесобиқа ва афзоиши ноитминонии иқтисодӣ ба беш аз 31.1 триллион доллар расидааст .
Дафтари буҷети Конгресс дар гузориши чашмандози буҷети дарозмуддати 2022 ҳушдор дода буд, бидиҳии боло ва афзоиши он ба унвони дарсаде аз тавлиди нохолиси дохилии Амрико метавонад рушди иқтисодиро коҳиш диҳад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷинат Илн-вазири хазонадории Амрико рӯзи ҷумъа зимни ҳушдор дар бораи гузари давлат аз сақфи таъйиншуда барои бадиҳӣ ، таи панҷшанбеи оянда афзуд : Пас аз ин таърих Вазорати хазонадорӣ иқдомоти изтирориро барои ихтисоси вуҷуҳу мамониат аз варшикастагии миллӣ дар пеш хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол Кохи Сафед ба навбаи худ аз Конгресси Амрико хост сареъани ин маҳдудиятро ба 31 триллиону 400 миллиард доллар афзоиш диҳад.
 

 

Барчасп