Январ 14, 2023 13:09 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои таваққуфи амалиёти низомӣ дар Украина аз тариқи музокира

Намояндаи доими Русия дар Созмони Миллали Муттаҳид дар нишасти рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллии Шӯрои Амният гуфт : Кишвараш омода аст аз тариқи музокироти сиёсӣ ба амалиёти низомӣ дар Украина поён диҳад

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Василий Небензя афзуд : Дар сурате ки таҳдиде аз ҷониби Украина мутаваҷҷеҳ Русия набошад ва бо русзабонҳои Украина бо табъиз рафтор нашавад, Маскав омодааст амалиёти низомӣ дар Украинаро мутаваққиф кунад .
Небензя таъкид кард : Агар ин шароит аз тариқи музокироти сиёсӣ муҳаққиқ нашаванд аз роҳҳои низомӣ пайгирӣ хоҳанд шуд .
Вай ҳамчунин пешниҳоди Украина барои баргузарии иҷлоси сулҳ ба мизбонии СММ-ро рад кард ва гуфт : Масъулони Киев ба таври ошкоро мегӯянд сулҳ дар Украина фақат бо таслим шудани Русия ҳосил мешавад.
Небензя дар бахши дигаре аз суханони худ афзуд : Украина ба як ширкати низомии хусӯсии НАТО табдил шудааст ва аз Брюссел пул, таслеҳот ва дастуроти худро дарёфт мекунад .
Намояндаи доими Русия дар СММ гуфт : Киев таваҳҳум дорад, ки бо ҳимоятҳои низомии мустақими НАТО метавонад Русияро дар майдони ҷанг шикаст диҳад; дар ҳоле ки намедонад мардуми Украина дар роҳи таҳаққуқи аҳдофи дигарон қурбонӣ мешаванд ва садама мебинанд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп