Палмер: Мушкили асноди табақабанди шудаи Байден «фаротар аз сиёсат аст»
(last modified Sat, 14 Jan 2023 13:58:40 GMT )
Январ 14, 2023 18:58 Asia/Dushanbe
  • Палмер: Мушкили асноди табақабанди шудаи Байден «фаротар аз сиёсат аст»

Намояндаи Маҷлиси намояндагони Амрико эълом кард, ёфтани асноди табақабандӣ шуда дар амлоки Ҷо Байден, раисиҷумҳури ин кишвар нигарониҳоеро эҷод мекунад, ки «фаротар аз сиёсат аст».

Гэри Палмер, бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар моҷарои кашфу забти асноди давлатӣ аз дафтари Ҷо Байден дар Андешакдаи« маркази дипломасӣ ва таъомули ҷаҳонии П. Байден» ва ҳамчунин иқоматгоҳи вай дар Уилмингтон дар иёлати Делавэр гуфт, теъдоди асноди дорои барчасби «фавқи маҳрамона» ҳоло ба 20 маврид расидааст.

Вай гуфт, бедиққатӣ дар нигаҳдории иттилоот, ҳар сиёсатмадореро радди салоҳият мекунад, ҳоли узв Конгресс бошад ё вазири умури хориҷа ё раисиҷумҳури Иёлоти муттаҳида.

Бо кашфу забти асноди тибқбандӣ шудаи давлатӣ аз дафтари шахсии Байден, Меррик Брайан Гарланд, додситони кулли Амрико барои расидагӣ ба таҳқиқоти парванда, Роберт К. Ҳерр, як додситонро ба унвони мушовири вижа мансӯб кардааст.

Ба гуфтаи яке аз зобитини қазоии федерол, дарзи иттилооти «фавқи маҳрамона» метавонад «хисороти шадид ва бесобиқае»-ро ба ҳамроҳ дошта бошад.