Январ 15, 2023 10:57 Asia/Dushanbe
  • Кашфи санадҳои маҳрамона инбор дар манзили Ҷо Байден
    Кашфи санадҳои маҳрамона инбор дар манзили Ҷо Байден

Мушовири вижаи раиси Ҷумҳурии Амрико аз кашфи санадҳои табақабандишудаи ҷадид дар хонаи шахсии Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии Амрико хабар дод.

Ҷо Байден аз соли 2009 то 2017 муъовини Барак Обама чилучаҳорумин раиси Ҷумҳурии Амрико буд ва асноди маҳрмаонаи кашфшуда марбут ба ин даврон аст.

Пештар мушахас шуд, ки ин аснод шомили иттилоъоти дар мавзуъоти монанди Эрон, Украина ва Британия буда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Речорд Совбер, мушовири вижаи раиси Ҷумҳурии Амрико шомгоҳи шанбе гуфт: Асноди табақабандишудаи ҷадид дар хонаи шахсии Ҷо Байден дар шаҳри Вилмингтон иёлати Делавэр кашф шуда аст.

Мушовири вижаи раиси Ҷумҳурии Амрико бо баёни ин ки панҷ саифа иттилоъоти маҳрамона дар муҷовири горож хонаи Байден пайдо шуд афзуд: Вакилони раиси Ҷумҳурии Амрико бедуни муҷавизи лозим ҷустуҷуҳои бештар дар ин қисмати аз хонаро мутавақиф карданд.

Ин севумин марҳала аз кашфи аснод ва иттилоъоти маҳрамона ба даврони муъовинати Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии кунунии Амрико дар хориҷ аз Кохи Сафед аст.

 

Барчасп