Январ 16, 2023 14:00 Asia/Dushanbe
  • Барномарезии Қазоқистон барои фурӯши нафт ба Олмон
    Барномарезии Қазоқистон барои фурӯши нафт ба Олмон

Қазоқистон ҳамзамон бо ҷанги Украина ва мутаъоқибан камбуди энержиҳои ҳомил дар Аврупо, ба Олмон нафти бештаре мефурӯшад.

Ба гузориши рӯзи душанбеи хабаргузории Ирно, ширкати миллии нафти Қазоқистон эълом кард дар се моҳҳаи аввали соли ҷорӣ 300 тонн нафт ба Олмон мефурӯшад.

Аввалин маҳлулаи нафти Қазоқистон мушахасан аз тариқи хати лулаи Атирау-Самара  ва сипас аз тариқи хати лулаи  Дружба роҳии  Олмон мешавад.

 Булот Оқчулоқов вазири энержи Қазоқистон фурӯши 1.5 миллион тонн нафти ин кишвар ба Олмон дар соли 2023-ро таъид кардааст.

Вазири қазоқ эҳтимоли фурӯши содироти нафт ба Олмон то шаш миллион тонна дар солро мардуд надонист.

Бо таваҷӯҳ ба содироии 20 миллион тоннаии нафти Русия ба Олмон то теш аз ҷанги Украина, олмониҳо то ҷойгузини комили нафти русҳо фосилати зиёд доранд.

Барчасп