Ҳушдори Маскав ба афзоиши иқдомоти харобкорона алайҳи сафоратхонаҳои Русия
(last modified Mon, 16 Jan 2023 14:57:35 GMT )
Январ 16, 2023 19:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Маскав ба афзоиши иқдомоти харобкорона алайҳи сафоратхонаҳои Русия

Муовини вазири хориҷаи Русия нисбат ба афзоиши бархе иқдомоти харобкоронаи ахир алайҳи сафоратхонаҳои ин кишвар ҳушдор дод.

Евгений Иванов дар вокуниш ба бархе иқдомоти харобкоронаи ахир алайҳи сафоратхонаҳои Русия дар кишварҳои ғарбӣ, онро нақзи қавонини байналмилалӣ донист ва изҳор дошт, бештари ғарбиҳо бар хилофи тааҳҳудоташон, эъмоли хушунатомез алайҳи сафоратхонаҳои Русияро ҳидоят мекунанд.

Вай афзуд, Маскав ба тозагиӣ талошҳои мукаррар барои тахрибу оташ задани сафоратхонаҳо ё худравҳои сафирони кишвараш дар бисёре аз кишварҳои ғарбиро шоҳид будааст.

Иванов бо баёни инки ҳамзамон бо оғози ҷанг дар Украина, мавҷи русҳаросӣ ба шаклн ғайритабии авҷ гирифтааст, идома дод, Маскав ба сабти тамоми ин ҳаводис ба унвони нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ, аз ҷумла таъмини амнияти сафоратхонаҳо ап консулгариҳои русӣ дар хориҷ аз кишвар идома медиҳад.

Ин дипломати рус бо интиқод аз талошҳои ахири бархе барои оташ задани сафоратхонаҳо ва консулгариҳои ин кишвар, унвон кард, кормандони мо ва хонаводаҳои онҳо мавриди таҷовузи ошкор қарор гирифтаанд ва худравҳояшон чандинбор бо иқдомоти харобкорона дасткорӣ шудааст.

Ба гуфтаи вай, таҳқиқоти Русия дар бораи ин ҳаводис оғоз шудааст.