Таҳлил: Вокунишҳои мусулмони ҷаҳон ба иқдоми расонаи фаронсавии «Шарли Эбдо»
(last modified Tue, 17 Jan 2023 13:47:29 GMT )
Январ 17, 2023 18:47 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Вокунишҳои мусулмони ҷаҳон ба иқдоми расонаи фаронсавии «Шарли Эбдо»

Вокунишҳои мусулмонони ҷаҳон ба иқдоми такрорӣ ва тавҳинкунандаи нашрияи фаронсавии «Шарли Эбдо» ин воқеиятро ошкор сохтааст, ки мароҷеи шиа, алалхусус шахси ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз маҳбӯбияти бисёр зиёде дар ҷаҳон бархӯрдор ҳастанд.

Дар ҳамин иртибот, мусулмонони Туркия, Ироқ, Ҳинд, Кашмир, Лубнон, Фаластин, Нигерия, Сурия ва бисёре аз дигар кишварҳои мусулмон дар ҷаҳон бо баргузории тазоҳуроти зидди фаронсавӣ ва мавзеъгирӣ алайҳи нашрияи «Шарли Эбдо», хостори муҷозоти дастандаркорони ин нашрия ва узрхоҳии мақомҳои давлати Порис шуданд.

Дар айни ҳол, дар бархе аз кишварҳои мусулмон низ ба далели бархӯрдорӣ аз ҳокимиятҳои вобаста ба ҷараёни саҳюнизми байналмилал, мусулмон иҷозаи баргузории тазоҳурот дар ҳимоят аз мароҷеи шиа ва раҳбари инқилоби исломиро наёфтанд.

Ин воқеиятро набояд нодида гирифт, ки мақомҳои Фаронса дар як иқдоми қобили тааммул, аҷиб ва саволбарангез, талош мекунанд, нашрияи «Шарли Эбдо»-ро ба унвони як нашрияи мустақилу озод муаррифӣ кунанд. Аммо дар амал, инъикоси матолиби зидди исломӣ ватавҳин ба мусулмон ва раҳбарони ҷаҳони ислом дар ин нашрия озод аст. Ин дар ҳоле аст, ки иҳонат ба соири адёни осмонӣ ва раҳбарони ин адён, бо маҳдӯдиятҳо ва ҳатто вокунишҳои манфии мақомҳои давлати Порис мувоҷеҳ мешавад.

Нашрияи фаронсавии «Шарли Эбдо», ки пештар ба соҳати муқаддаси Паёмбари гиромии ислом (с) иҳонат карда буд, инак бо тавҳин ба марҷаъияти динӣ ва сиёсии шиа, бори дигар ба исломҳаросӣ рӯй овардааст. Дастандаркорони ин нашрия ахиран мусобиқае бо ҳадафи нашри карикатурҳои тавҳинкунанда алайҳи мароҷеи динӣ ва сиёсӣ баргузор кард, ки ин иқдом бо интиқодоти зиёди мардумӣ алайҳи ин нашрия ва ҳамчунин сиёсати давлати Фаронсаро дар заминаи ончӣ ки озодии баён мехонад дар пай доштааст.

Дар ҳамин росто, мардуми Туркия бо таҷаммуъ дар баробари консулгарии Фаронса дар Истонбул, иҳонати нашрияи «Шарли Эбдо» ба соҳати муқаддаси марҷаъияти динии шиаро маҳкӯм карданд. Таҷаммуъкунандагон тасреҳ карданд: "мо мусулмонон ба унвони уммати воҳида, ҳамвора мудофеъи арзишҳо ва ормонҳои дини ислом ва ҳомии раҳбарамон ҳастем ва омадаем, ки бигӯем, уммати воҳидаи ислом ҳастем ва ин уммати воҳида то пои ҷон аз раҳбарашон ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дифо хоҳад кард".

Дар замина, сиёсатҳои дугонаи мақомҳои Порис дар қиболи масоили мухталиф, метавон ба як намунаи равшан ишора кард. Ба унвони мисол, марҳӯм Roger Garaudy, устоди донишгоҳ, файласуф ва нависандаи шаҳири фаронсавӣ дар соли 1998 ба далели инкори Ҳолокост ё ончӣ ки куштори яҳудиён дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ тавассути Олмони нозӣ таблиғ мешавад ва навиштани китоби" устураҳои бунёнгузори сиёсати Исроил" ба пардохти 40,000 доллари Амрико ҷарима маҳкӯм шуда буд.

Ин файласуфу нависандаи машҳури Фаронса пас аз фишорҳои зиёди давлати вақти Порису саҳюнизми байналмилал, дар соли 2012 ва аз дунё рафтааст. Дар муқобили ин рафтори аҷиб, давлати Порис ба баҳонаи дифо аз ончӣ ки ҳаққи озодии баёну матбӯот мехонад, дар баробари иҳонати нашрияи «Шарли Эбдо» ба муқаддасоти садҳо миллион мусулмони ҷаҳон сукут мекунад.

Ин рафтори дугонаи раҳбарони Фаронса нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки мақомҳои давлати Порис, сирфан "иҳонатҳои нашрияи «Шарли Эбдо» ба дини мубини ислом ба унвони охирин дини осмонӣ сукутро ҷоиз медонад. Бидуни шак, ба ҳамин далел аст, ки мақомҳои Фаронса дар ҷаҳони имрӯз мунзавӣ ва бидуни тарафдор ҳастанд.

Дар айни ҳол, тардиде нест, ки иҳонати «Шарли Эбдо» ба соҳати раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз яксӯ меъёрҳои дугонаи озодии баёнро дар Фаронса ба исбот расондааст ва аз сӯи дигар, маҳбӯбияти марҷаъияти шиа ва раҳбарии Ҷумҳурии исломии Эронро дар ҷаҳон беш аз пеш ошкор кардааст. Воқеияте, ки ғарбиҳо бавижа сиёсатмадорони ҳоким бар Порис ҳамвора аз дараки он оҷиз ва ғофил ҳастанд.

Дар ҳақиқат, бояд гуфт, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тарафдорони бешуморе дар ҷаҳон ҳатто дар кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Фаронса дораду сарони Фаронса бояд аз ин воқеият дарси ибрат бигиранд ва дар нигаришҳои мутакаббиронаи худ дар қиболи соири раҳбарони динӣ ва сиёсӣ, тағйири асосӣ эҷод кунанд. Алалхусус, ки ҳомиёни раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳар рӯз дар ҷаҳон афзоиш меёбанд ва дар муқобил, хусӯмати миллатҳои мухталифи ҷаҳон бо раҳбарони давлатҳои султагари ғарбӣ, ба сӯрати рӯзафзӯн ташдид мешавад.

Дар муқобил бояд гуфт, ҳимоятҳои қобили таҳсини миллатҳои мусулмон дар Туркия, Ҳинд, Кашмир, Ироқ, Сурия ва Нигерия аз раҳбари инқилоби исломӣ ба унвони танҳо намунаҳое аз ҳимоятҳои мусулмонони ҷаҳон аз уламои дини мубини ислом дар дунёи муосир мисол заданист.

Дар ҳоле, ки раҳбарони Фаронса ҳамчунон дар инзивои сиёсӣ ҳатто дар кишвари худ басар мебаранд ва ба ҳар баҳонае шоҳиди эътирозоти мардумӣ алайҳи сиёсатҳои номуносиб ва зиддифаронсавӣ ҳастанд.