Омодагии Путин барои дидор бо Трамп
Раисҷумҳури Русия гуфт, барои беҳбуди равобити Маскав-Вашингтон омодагӣ дорад, бо раисҷумҳури мунтахаби Амрико дидор кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Владимир Путин рӯзи сешанбе гуфт, Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико ошкоро оддисозии равобити Маскав-Вашингтонро хостор аст ва Русия аз ин идеа ҳимоят мекунад .
Путин гуфт, бо дар назар гирифтани мизони бад будани равобити Русия ва Амрико, беҳбуди равобити ду кишвар кори содае нест, аммо Русия омодагӣ дорад, саҳми худро дар ин замина бипардозад .
Раисҷумҳури Русия таъкид кард, Русия ҳамчунин омодааст, то бо Амрико ҳамкории наздиктаре дар заминаи мубориза бо терроризм дошта бошад .
Изҳороти раисҷумҳури Русия дар бораи ҳамкорӣ бо Амрико дар мубориза бо терроризм дар ҳолест, ки ин ду кишвар дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ҳечгуна ҳамкорӣ бо ҳам надоштанд .