Гутерриш: Авзои ҷаҳон асафнок аст
(last modified Wed, 18 Jan 2023 12:51:53 GMT )
Январ 18, 2023 17:51 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли СММ гуфт, ҷаҳон бо чолишҳои зиёде мувоҷеҳ аст
    Дабири кулли СММ гуфт, ҷаҳон бо чолишҳои зиёде мувоҷеҳ аст

Дабири кулли Созмони Милал вазъияти ҷаҳонро ба далели чолишҳои "силсилавор", аз ҷумла тағйироти обуҳавоӣ ва ҷанг дар Украина, асафнок тавсиф кард.

Ба гузориши “Ассошейтед Пресс”, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал дар дуюмин рӯз аз иҷлоси Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод (Давос) аз тағйироти обуҳавоӣ ба унвони як "чолиши ҳаётӣ" ном бурд ва изҳор дошт: Тааҳҳуди ҷаҳонӣ барои маҳдуд кардани афзоиши ҳарорати замин ба 1. 5 дараҷаи сонтиград “дӯд шуда ва ба ҳаво рафтааст”.

Гутерриш афзуд, ҷанг дар Украина, нобаробарии густарда, буҳрони ҳазинаҳои зиндагии ношӣ аз афзоиши шадиди таварруму буҳрони энержӣ, осори мондагори ҳамагирии корона ва ихтилол дар занҷираи таъмин, аз ҷумлаи чолишҳои силсилаворе аст, ки ҷаҳонро дар вазъияти асафноке қарор додааст.

Дабири кулли СММ ҳушдор дод, шадидтарин дудастагӣ ва беэътимодии геополитикӣ дар даврони ахир, талошҳо барои муқобила бо мушкилоти ҷаҳониро тазъиф мекунад.