Боздошти рӯзноманигори туркияӣ ба далели ҳимоят аз артиши Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i9715-Боздошти_рӯзноманигори_туркияӣ_ба_далели_ҳимоят_аз_артиши_Сурия
Мақомоти Анкара Ҳасани Маҳаллӣ, рӯзноманигори туркияиро бадалели навиштани матолибе дар ҳимоят аз амалиёти артиши Сурия зидди террористҳо дар Ҳалаб, боздошт карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 14, 2016 06:39 Asia/Dushanbe
  • Боздошти рӯзноманигори туркияӣ ба далели ҳимоят аз артиши Сурия

Мақомоти Анкара Ҳасани Маҳаллӣ, рӯзноманигори туркияиро бадалели навиштани матолибе дар ҳимоят аз амалиёти артиши Сурия зидди террористҳо дар Ҳалаб, боздошт карданд.

Ба гузориши Алъолам, Ҳасани Маҳаллӣ рӯзи сешанбе дар сафҳаи Твиттери худ бо ишора ба инки бархе кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс бист моҳ аст, ки Яманро бомбборон мекунанд, аммо дар расонаҳои Туркия хабаре аз ин ҷиноят нест, хотирнишон кард: Артиши Сурия Ҳалабро аз вуҷуди террористҳо поксозӣ мекунад, аммо дар расонаҳои туркияӣ қиёмате барпо шудааст .

Мақомоти Анкара ин изҳороти Ҳасани Маҳаллиро тавҳин ба масъулони давлати Туркия талаққӣ карда ва вайро боздошт карданд .

Анкара дар чанд соли гузашта бо ҳимоят аз террористҳо дар Сурия, аз ҷумла ирсоли силоҳ барои онон, саҳми басазое дар куштори мардуми бегуноҳи Сурия ва тахриби зерсохтҳои ин кишвар доштааст .