Январ 22, 2023 11:44 Asia/Dushanbe
  • Тирандози дар иёлати Флоридаи Амрико
    Тирандози дар иёлати Флоридаи Амрико

Тирандози дар иёлати Флоридаи Амрико як кушта барҷой гузошт.

Озод будани ҳамли силоҳ дар Амрико боиси вуқуъи хушунатҳои мусаллаҳона ва тарандози дар саросари ин кишвар аст, ки ҳар руз қурбони мегирад.

Ҳарчанд солҳо аст, ки бисёри аз амрикоиҳо бо эътироз ба озодии ҳамл ва моликияти силоҳ дар Амрико хостори ислоҳи қонуни кишварашон дар ин замина ҳастанд, аммо мафияи силоҳ дар ин кишвар қудратманд аст, ки кангрес то кунун иқдоми малмуси барои маҳдуд кардани ҳамли силоҳ дар Амрико анҷом надода аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Си Эн Эн полиси иёлати Флоридаи Амрико гуфт тирандози дар бемористони Адвент дар ин иёлат рух дод ва мунҷар ба кушта шудани як нафар шуд.

Ба гуфтаи полиси иёлати Флорида як зан пас куштани ҳамсари бемораш худашро дар дохили утоқи бемористони Адвент маҳбус карда аст.

Муқоисаи оморҳои хушунат бо силоҳ миёни Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон Амрикоро кишвари комилан истиснои нишон медиҳаад бо он ки Амрико ҳудуди 5 дарсад аз ҷамъияти дунёнро ташкил медиҳад наздик ба 31 дарсад аз касоне, ки муртакиби кушторҳои ҷаъми бо силоҳ мешаванд дар худ ҷой дода аст.