Январ 23, 2023 20:15 Asia/Dushanbe
  • Мушакҳои фаросавтии Русия дар размоиши муштарак
    Мушакҳои фаросавтии Русия дар размоиши муштарак

Русия аз ирсоли новчаи чангии Горшков муҷаҳаз ба мушакҳои фаросавтии зеркон барои ширкат дар размоиши муштарак бо Чин ва Африқои Ҷануби хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон як киштии ҷангии Русия муҷаҳаз ба таслиҳоти куруз насли ҷадиди фаросавти қарор аст дар моҳи феврал дар размоиши муштарак бо неруи дарёӣ Чин ва Африқои Ҷануби ширкат кунад.

Русия мегуяд ин мушакҳо суръати 9 баробари савт ва бурди беш аз 1000 километ доранд ин мушакҳо ҳамроҳ бо мушакҳои абарсавт Глойд Овонгорд, ки дар соли 2019 ба артиши Русия вуруд пайдо кард конуни заротхонаи фаросавтии ин кишварро ташкил медиҳанд.

Як манбаъи дифоъи, ки нахост номаш фош шавад эълом кард, ки новчаҳои дарёсолори Горшков нахустин ба нуқтаи пуштибонии логестики дар Тартус Сурия меравад ва пас аз он дар тамриноти муштараки дарёӣ бо неруи дарёӣ Чин ва Африқои Ҷануби ширкат хоҳад кард.

Неруи дифоъи миллии Африқои Ҷануби эълом кард ин размоиш, ки аз таърихи 17 то 27 феврал дар наздикии шаҳри бандарии Дурбон ва халиҷи Ричордз баргузор мешавад бо ҳадафи тақвияти равобит миёни Африқои Ҷануби, Русия ва Чин анҷом мегирад.

Неруи дарёи миллии Африқои Ҷануби хотирнишон кард: Ин дувумин тамрини размоиши муштараки се кишвар аст, ки дар Африқои Ҷануби ва пас аз размоиши соли 2019 баргузор мешавад.  

 

Барчасп