Марги як зиндонӣ ба хотири сад доллар дар Амрико
Як сиёҳпусти амрикоӣ дар зиндон фақат ба хотири 100 доллар ҷон бохт .
Дар ҷомеъаи Амрико намунаҳои бисёре аз нобаробариҳои нажодӣ, ҷинсиятӣ, мазҳабӣ ва молӣ вуҷуд дорад; ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Амрико бо шиори аз байн бурдани фосилаи табақотӣ ва нажодӣ бар сари кор меоянд, аммо ноумедӣ ба ваъдаҳое аз ин даст ҳар рӯз дар байни мардуми Амрико бештар мешавад .
Ба гузориши рӯзи сешанбеи маобеъи хабарӣ як марди сиёҳпуст дар Амрико ба хотири нотавонӣ дар пардохти васиқаи саддолларӣ дар зиндон ҷон бохт .
Ларри Юҷин Прайс Ҷуниор ба хотири заъиф будани тавони зеҳнӣ дар ҳоле ки аз канори як истгоҳи автобус мегузашт дастони худро ба шакли туфанг даровард ва ба шакли хаёлӣ афроде ки дар истгоҳи мунтазир автобус будандро мавриди ҳадаф қарор дод .
Бар ин асос полиси шаҳри Форт Смит дар иёлати Арканзас дар вокуниш ба ин амали марди сиёҳпуст ӯро дастгир ва ба боздоштгоҳ фиристод .
Бар асоси ин гузориш ин марди сиёҳпӯсти 51 сола дар зиндон ки имкони ироаи васиқаи сад доллариро барои озодӣ худ надошт ба хотир аз байн рафтани комили қувои зеҳнӣ нотавонии ҷисмӣ ва беморӣ дар зиндон аз дунё рафт .
Хабари фавти ин марди зиндонӣ ба шиддат дар расонаҳои Амрико сару садо эҷод кардааст.