Эъломи тасмими Байден дар бораи ирсоли тонки Абрамс ба Украина
https://parstoday.ir/tg/news/world-i97340
Як мақоми амрикоӣ гуфт: Ҷу Байден рӯзи чаҳоршанбе тасмим Вашингтон барои таъмини тонки Абрамс ба Украинаро эълом хоҳад кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 25, 2023 12:16 Asia/Dushanbe
  • Эъломи тасмими Байден дар бораи ирсоли тонки Абрамс ба Украина
    Эъломи тасмими Байден дар бораи ирсоли тонки Абрамс ба Украина

Як мақоми амрикоӣ гуфт: Ҷу Байден рӯзи чаҳоршанбе тасмим Вашингтон барои таъмини тонки Абрамс ба Украинаро эълом хоҳад кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл  аз Алҷазира ба нақл аз як мақоми амрикоӣ, ки ба ному симати вай ҳеч ишорае нашудааст, гуфт, ки Байден қарор аст рӯзи чаҳоршанбе тасмими худро барои таъмини тонки Абрамс эълом кунад.

Ду мақом амрикоӣ, ки хостанд номашон ифшо нашвад, рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ ба хабаргузорон эълом карданд, ки ба назар мерасад, ки эҳтимолан Амрико ин ҳафта бо ирсоли тонкҳои М1  Абрамс ба Украина мувофиқат  кунад.

Анатоли Антонов, сафири Русия дар Вашингтон дар инбора гуфт: Таҳвили эҳтимолии тонкҳои Абрамси амрикоӣ ба Украина як таҳрики ошкорои дигар алайҳи Русия хоҳад буд.

Антонов афзӯд: Агар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим бигирад тонки Абрамсро ба Украина бифиристад, ин тонкҳо ва соири таҷҳизоти НАТО тавассути нерӯҳҳои мусалаҳи Русия мунҳадим хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои олмонӣ ба нақл аз манобеъӣ огоҳ гузориш доданд, ки давлати Олмон тасмим гирфтааст то як гурӯҳ аз аз тонки Леопарт 2-ро ба Украина ирсол кунад.