Январ 29, 2023 10:59 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп таблиғоти интихоботии худро оғоз кард
    Доналд Трамп таблиғоти интихоботии худро оғоз кард

Раиси Ҷумҳурии собиқи Амрико ду моҳ пас аз ин ки аз тасмими худ барои ширкати дубора дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико хабар дод рузи шанбе таблиғоти интихоботи худро дар Ню Ҳэмпшир оғоз карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Трамп дар миёни раҳбарони ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфт: Мо корамонро оғоз мекунем ман аз Ню Ҳэмпшир ба унвони номзади раёсати ҷумҳури кори худро оғоз мекунам.

Трамп таъкид кард: Ман ҷиддитар аз гузашта ва акнун беш аз ҳамеша мутаъаҳид ҳастам.

Рузномаи Вашингтон пост дар матлаби бо ишора ба эҳтимоли ҳузури мунтақидон ва ҳомиёни  Доналд Трамп дар рақобатҳои таъини номзадии ҳизби ҷумҳурихоҳ барои интихоботи раёсти ҷумҳурии 2024 Рон Десантис, фармондеҳи иёлати  Флоридаро рақиби аслии раиси ҷумҳурии собиқи Амрико муъаррифи кард.

Рон Дисантис дар интихоботи миёндавраӣ 2022 ба роҳати пируз шуд ва танҳо номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ аст, ки дар назарсанҷиҳо аз Трамп пеша гирифта ва хашм уро барангехта аст.

Барчасп