Фармони ҷадиди Путни иҷроӣ шуд
(last modified Wed, 01 Feb 2023 13:17:25 GMT )
Феврал 01, 2023 18:17 Asia/Dushanbe
  • Фармони ҷадиди Путни иҷроӣ шуд
    Фармони ҷадиди Путни иҷроӣ шуд

Фармони ҷадиди раиси Ҷумҳурии Русия дар талофи таъини сақфи нарх барои нефти Русия иҷроӣ шуд.

Кишварҳои гуруҳи G7-и Иттиҳодияи Аврупо ва Австралия аз 5 декабри соли 2022 сақфи нархи барои нефти Русия, ки аз тариқи дарёӣ таҳвил мешавадро 60 доллар дар ҳар бушка барои кишварҳо ва қаламрави худ таъин карданд бар ин асос аз 5 феврали соли 2023 нархҳои ниҳоӣ фаровардаҳои нефтии Русия низ ба иҷро гузошта мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, фармони Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия дар бораи иқдомоти мутақобили ин кишвар дар вокуниш ба таъини сақфи нархи бушкаи 60 доллар барои нефти Русия аз имруз чаҳоршанбе иҷро шуд.

Бар асоси фармони Путин, ки аввали январи соли 2023 нақз хоҳад шуд Русия ба кишварҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи, ки дар қарордодҳои худ банди сақфи нарх гунҷонида бошанд нефт намефурушад ҳамчунин вазирони давлати Русия авохири соли ҷорӣ мамнуъияти фуруши бензини ин кишварро низ эълом хоҳанд кард.

Дмитри Песков, сухангуи Кремл ҳушдор дод, ки таъини сақфи нарх барои нефту гази Русия қобили қабул набуд ва Маскав ҳаргиз бо тахриби бозори нархгузори мувофиқат нахоҳад кард.

Маскав таъини сақфи нархро талоши дар ростои дасткории усули бунёдини бозорҳои озод тавсиф ва ба шиддат аз он интиқод карда аст.

Сандуқи байналмилалии пул (IMF) ахиран эълом кард, ки маҳдудиятҳои нархии кишварҳои ғарби таъсири ҷиҷи бар содироти нефти Русия нахоҳад дошт.