FBI хонаи дуввуми Байденро барои асноди маҳрамона тафтиш кард
(last modified Thu, 02 Feb 2023 07:26:32 GMT )
Феврал 02, 2023 12:26 Asia/Dushanbe
  • FBI хонаи дуввуми Байденро барои асноди маҳрамона тафтиш кард

Маъмурони Дафтари таҳқиқотии федеролии Амрико (FBI) дар идомаи тафтиши маконҳои муртабит бо раисиҷумҳури Амрико, хонаи дигари Ҷо Байденро низ дар чорчӯби таҳқиқот дар бораи нигаҳдории номуносиби асноди табақабанди шуда тафтиш карданд.

Расонаҳои амрикоӣ навиштанд, маъмурони FBI хонаи дуввуми Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико дар шаҳри Реҳобот дар иёлати Делавэрро рӯзи чаҳоршанбе дар чорчӯби таҳқиқот дар бораи нигаҳдории номуносиби асноди табақабанди шуда мавриди тафтиш қарор доданд.

Боб Бауэр, вакили шахсии Ҷо Байден дар баёнияе гуфт, ин амалиёти тафтиш дар зимни «ҳимоят ва ҳамкории комил» аз сӯи раисиҷумҳури Амрико барномарезӣ ва иҷро шуд.

Вакил Байден гуфт, вазорати Додгустарии Амрико тасмим гирифт тафтиши хонаи дигари ин раисҷумҳури Амрикоро бидуни судӯри эълони умумии қаблӣ иҷро кунад.

Чанде пеши расонаҳо гузориш доданд, чандин санади маҳрамонаи марбӯт ба даврони хизмати Байден ба унвони муовини раиси ҷумҳури Амрико дар хонаи шахсии аслии ӯ дар шаҳри Уилмингтони иёлати Делавэр ва дафтари кории собиқи ӯ дар як андешкда пайдо шуд.