Тазоҳурот зидди давлати Натаняҳу дар Ландан
Садҳо яҳудии муқими Британия дар муқобили сафорати режими саҳюнистӣ дар Ландан дар эътироз ба сиёсатҳои Натаняҳу таҷамуъ карданд ва хостори тавақуфи иқдомоти давлати вай шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳудуди 300 яҳудии муқими Британия дар эътироз ба сиёсатҳои Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ аз ҷумла анҷоми ислоҳот дар дастгоҳи қазоӣ дар муқбоили сафорати ин режим дар Ландан таҷамуъ карданд.
Муътаризон хоҳони наҷоти демократи дар Исроил шуданд ва ҳушдор доданд, ки давлати Натаняҳу эҳтимолан демократияро аз байн мебарад.
Ин эътирозҳо ҳамзамон бо 18 тазоҳуроти мушобеҳи яҳудиён дар сар то сари ҷаҳон зидди Натаняҳу аст. Тел-Авив низ ҳар шанбе шоҳиди эътирозҳои даҳҳо ҳазор нафари аст.
Шанбеҳо сарзамини ишғоли ба рузҳои сиёҳи Бинямин Натаняҳу табдил шуда аст садҳо ҳазор шаҳракнишини саҳюнист дар эътироз ба тундравиҳо, иқдомоти ғайриқонуни ва ҷавлони кобинаи ифротии ростгароёни саҳюнистӣ ба хиёбонҳо меоянд ва то сарнагунии ҳизби Ликуд ва муттаҳидонаш қасди идомаи эътирозҳоро доранд.