Идомаи норизоятии мардуми Амрико аз амалкарди иқтисодии давлати Байден
(last modified Mon, 06 Feb 2023 16:26:26 GMT )
Феврал 06, 2023 21:26 Asia/Dushanbe
  • Идомаи норизоятии мардуми Амрико аз амалкарди иқтисодии давлати Байден
    Идомаи норизоятии мардуми Амрико аз амалкарди иқтисодии давлати Байден

Натиҷаҳои назарсанҷи дар Амрико нишон дод 40 дарсади мардуми ин кишвар аз амалкарди иқтисодии давлати Байден норози ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон аз ҳар 10 амрикоӣ 4 нафар муътақиданд, ки аз замони раёсатҷумҳури Ҷо Байден вазъияти иқтисодии онҳо бадтар шуда аст, ки ин рақам болотарин омор дар назарсанҷиҳои "ABC" ва Вашенгтонпост дар 37 соли гузашта аст.

Натиҷаҳои назарсанҷи нишон медиҳад бузургтарин нуқтаи заъфи Байден ба мушкилоти иқтисодӣ марбут мешавад бо вуҷуди муътадил кардани таварум, ки албата ҳамчунон боло аст 41 дарсад муътақиданд, ки аз назари молӣ ба андозаи замоне, ки Байден вориди Кохи Сафед шуд вазъияти хуби надорад, ки болотарин рақам дар беш аз 30 сол назарсанҷи аст, ки "ABC" ва Вашенгтонпост аз соли 1976 то кунун баргузор карданд.

Бар асоси натиҷаҳои назарсанҷи баҳои кули амалкарди давлати Байден дар заминаи эҷоди иштиғол 42 дарсад тайид дар баробари 53 дарсад адами тайид аст.

Мизони маҳбубияти Байден пас аз ду соли раёсати ҷумҳури дар муқоиса бо 13 раиси ҷумҳури қаблии Амрико бисёр камтар аз миёнгин аст 63 дарсади мардум дар сурати интихоби муҷадади у хашмгин хоҳанд шуд 72 дарсад аз ҷумҳурихоҳон мегуянд, ки дар даврони Байден вазъияти иқтисодии бадтар доштанд.