Декабр 15, 2016 20:21 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирӣ аз ҳамалоти террористии ДИИШ дар Маскав

Русия аз хунсо кардани ҳамалоти террористии муртабит ба ДИИШ дар Маскав, пойтахти ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Хадамоти амнияти федералии Русия эълом кард, маъмурони ин ниҳод рӯзи панҷшанбе чаҳор нафар аз шаҳрвандони Молдова ва Тоҷикистонро, ки дар ҳоли тарроҳии як маҷмӯаи ҳамалоти террористӣ дар Маскав бо истифода аз бомбҳои дастсоз буданд, боздошт кардаанд. Хадамоти амниятии Русия таъкид кард, маъмурони Хадамоти амнияти федералӣ ин чаҳор нафарро дар дохил ва атрофи Маскав боздошт кардаанд. Дар ин амалиёт чанд адад силоҳ, миқдоре муҳимоту маводи тарканда ҳам кашф шудааст.

Бинобар эъломи мақомоти Русия, ин ҳамалоти террористиро яке аз саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ, ки мустақар дар Туркия буда, ба иллати содир кардани ҷиноят таҳти таъқиби Тоҷикистон аст, барномарезӣ карда будааст.

 

Барчасп