Феврал 19, 2023 19:37 Asia/Dushanbe
  • Дархости Нэнси Пелоси барои таҷҳизи Украина ба ҷангандаҳои F-16

Раиси пешини Маҷлиси намояндагони Амрико, таҷҳизи Украина ба ҷангандаҳои F -16-ро хостор шуд.

Русия дар таърихи 24 феврал дар пайи иқдомоти таҳрикомези НАТО дар марз ин кишвар, амалиёти низомиӣ дар Украинаро оғоз кард ва кишварҳои ғарбӣ бавижа Иёлоти муттаҳида на танҳо иқдоме барои коҳиши танишҳо ва таваққуфи даргириҳо дар Украина анҷом надоданд, балки бо ирсоли таҷҳизот ва силоҳ ва эъмоли фишор ба Русия, бештар ба ин нооромиҳо доман задаанд.

Ба гузориши Ал Маёдин, Нэнси Пелоси, раиси пешини Маҷлиси намояндагони Амрико дар суханонн дар иҷлоси амниятии Мюнхен гуфт, ирсоли ҳавопаймоҳои F-16 ба Украина дар канори оғози омӯзиши халабонони ин кишвар бояд оғоз шавад.

Тибқи ин гузориш, Пелоси иҷрои ин тарҳро бисёр бо аҳаммият донист ва афзуд, омӯзиши халабонони украинӣ барои истифода аз ҳавопаймоҳои ҷанганда бояд дар сареътарин замони мумкин оғоз шавад.

 

Барчасп