Феврал 22, 2023 20:54 Asia/Dushanbe
  • Маскав ва Пекин
    Маскав ва Пекин

Раиси ҷумҳурии Русия дар дидор бо вазири хориҷаи Чин бар аҳамияти равобити Маскав ва Пекин таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Ванг Йи, вазири хориҷаи Чин дар Маскав гуфт, равобит байни Маскав ва Пекин тибқи барномарезии солҳои гузашта дар ҳоли тавсеа аст ва ду кишвар дар ҳоли расидан ба чашмандозҳои ҷадид ҳастанд.

Владимир Путин дар ин дидор бо ишора ба ин ки соли гузашта ҳаҷми табодули тиҷорӣ байни Русия ва Чин 185 миллиард доллар будааст, аз расидани ин мизон ба 200 миллиард доллар то соли 2024 хабар дод.

Ванг Йи низ дар ин дидор таъкид кард, ки Чин омодаи тақвияти ҳамкории роҳбурдӣ бо Русия дар тамоми заминаҳост.

 

Барчасп