Феврал 26, 2023 17:52 Asia/Dushanbe
  • Як қатораи дигар дар Амрико аз хат хориҷ шуд

Дар идомаи хурӯҷ қаторҳо аз рейл(хатти роҳи оҳан) дар Амрико, як қатори дигар дар Каролинаи Шимолӣ ба сарнавишти мушобеҳ дучор шуд.

Дар ҳафтаҳои ахир чандин ҳодисаи хурӯҷи қатор аз рейл дар Амрико иттифоқ афтодааст.

Ба гузориш хабаргузории Russia Today, танҳо чанд ҳафта пас аз хурӯҷи як қатори бории ширкати таробари рейлии « Норфолк Ҷанубӣ» аз рейл дар иёлати Огайо, як қатори дигар дар Каролинаи Шимолӣ аз рейл хориҷ шуд.

Вусъати ҳодисаи ахир нисбат ба қаблӣ камтар гузориш шуда ва ба гуфтаи сухангуи ширкати Норфолк, танҳо як вагон аз 132 вагон ин қатор аз рейл хориҷ шудааст.

 

Барчасп